Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худдории ҲНИТ аз интихоботи моҳи май


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси Намояндагон дар моҳи май дар ҳавзаҳои Ҷомӣ ва Ёвон номзадҳои худро пешбарӣ нахоҳад кард.


Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси дастгоҳи ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими худдорӣ аз иштирок дар ин интихобот дар Шӯрои сиёсии ҳизб гирифта шуда ва сабаби аслии ин иқдом ноумедиҳо аз багузории одилона ва шаффофи интихобот мебошад.


Оқои Сайфуллозода гуфт, интизор мерафт, ки бархӯрд ва мавқеъгирии мақомоти давлатӣ ба интихоботҳо тағйир ёфта бошад, вале таҷрибаи иштироки ҲНИТ дар чанд интихоботи миёндаврии имсола нишон додаст, ки ин андеша иштибоҳ будааст.


Қаблан низ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфта буд, ки ҳизбаш дар интихоботи моҳи май ширкат нахоҳад кард, вале афзуда буд, тасмими ниҳоиро дар ин маврид Шӯрои сиёсӣ мегирад.


Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба рӯзи 20 май таъин шудааст. Дирӯз, 15 апрел охирин рӯзи пешбарии номзадҳо дар ин ҳавзаҳо буд.
XS
SM
MD
LG