Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон: пас аз чаҳор давр


Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба кард. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бар тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ ба дарвозаи «Хима»-и Душанбе ду тӯби беҷавоб зад. Дар ду бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд. «Энергетик»-и Душанбе дастаи «Гвардия»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 1 мағлуб кард. Бо ҳамин ҳисоб «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон «Динамо»-и Душанберо шикаст дод.

Бад-ин тартиб баъди ҷамъбасти чаҳор даври мусобиқот тими «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи бозиҳо ғалаба кардааст, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Дастаи «Парвоз» бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. «Энергетик» бо 7 имтиёз ба зинаи севум баромад. Иброҳим Рабимов, бозигари «Регар» ТадАЗ бо панҷ гол дар сабқати голзанҳои беҳтарин алҳол дар сафи пеш аст.

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон як бозии мавқуфмондаи даври севум миёни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа рӯзи чоршанбеи 18-уми апрел баргузор мешавад. Бозиҳои даври панҷуми мусобиқот рӯзҳои 21-ум ва 22-юми апрел барпо мегарданд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG