Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин фурӯши билетҳои Бозиҳои олимпии 2008 шурӯъ шуд


Дар Ҷумҳурии Чин баргузоркунандагони Бозиҳои олимпии соли 2008 эълом додаанд, ки фурӯши 8 миллион адад билети ин мусобиқоти варзиширо оғоз кардаанд. Ронг Юн раиси идораи фуруши билетҳо дар кумитаи тадорукоти бозиҳои олимпии 2008 мегӯяд, ки фуруши билетҳо бо роҳҳои одилонатарин сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи ӯ кумитаи тадорукоти бозиҳо умедвор аст, ки аз фуруши билетҳо 140 миллион доллар фоида ба даст биёрад. Ҳудуди 75 фисади билетҳои бозиҳои олимпии 2008 дар дохили Чин бо қимати камтар аз 13 доллар фурӯхта хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG