Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лаҳистон ёди қурбониёни Освенсимро гиромӣ медоранд


Ҳазорон нафар аз ҷавонон барои ширкат дар раҳпаймоии солона,ки ба хотири ёдоварӣ аз даврони қатли оми яҳудиён дар лагери Освенсими Лаҳистон баргузор мешавад, имрӯз дар ин ҷо ҷамъ меоянд. Қарор аст дар ин раҳпаймоӣ ҷавонони зиёди исроилӣ ва яҳудиён аз саросари ҷаҳон ширкат кунанд, ки онро раҳпаймоии зиндагӣ меноманд. Дар лагери Освенсими Лаҳистон фашистон дар замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ шаш миллион яҳудиро кушта буданд. Ин раҳпаймоӣ дар доираи рӯзи ёдоварӣ аз фоҷиаи Ҳолокост баргузор мешавад, ки шоми дирӯз дар Исроил онро ёдоварӣ карданд.
XS
SM
MD
LG