Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Литва вориди Тоҷикистон мегардад


Қарор аст имрӯз 16 - ми апрел Петрас Вайтиекунас вазири корҳои хориҷии Литва бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон гардад. Дар ин сафар гуфта мешавад ӯро гурӯҳе аз намояндагони маҳофили тиҷорию соҳибкорони Литва низ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҷараёни боздиди Петрас Вайтиекунас, ки ду рӯз идома меёбад, ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва вазири корҳои хориҷаи ин кишвар Ҳамрохон Зарифов мулоқот анҷом хоҳад дод. Дар чаҳорчӯби сафари вазири хориҷаи Литва ба Тоҷикистон ҳамчунин баргузории ҳамоиши муштараки тиҷорӣ бо ширкати соҳибкорони Тоҷикистону Литва дар назар аст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG