Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоии норозиёни сиёсӣ дар Санкт Петербург


НХ

Имруз дар Санкт Петербурги Русия пулиси зидди тазоҳурот баъзе аз ҷонибдорони мухолифонро дар поёни як раҳпаймоӣ боздошт кард. Дар ин раҳпаймоӣ ҳудуди ҳазор нафар ширкат доштанд. Онҳо шиъор медоданд ва мегуфтанд: "Мо Русияи дигар мехоҳем"


Мақомоти шаҳрдорӣ ба мухолифон иҷоза дода буданд, ки дар хиёбоне дар канори шаҳр тазоҳурот анҷом диҳанд, вале ба маркази шаҳр наздик нашаванд. Бино ба хабарҳо, дар поёни раҳпаймоии ду соъата тақрибан сад нафар боздошт шуданд. Як рузи пеш дар Маскав низ нируҳои мухолифи давлат раҳпаймоӣ анҷом доданд ва 150 нафар, аз ҷумла қаҳрамони собиқи шатранҷи ҷаҳон Гарри Каспаров боздошт шуданд. Вайро ҳазор рубли русӣ ҷарима ва озод карданд. Каспаров имруз гуфт, ки мехост дар тазоҳуроти Санкт Петербург низ ширкат кунад, вале ба сабаби боздошти дируз натавонист ба он ҷо равад. Вай афзуд, Русия ба низоми давлатдории Белорус наздик шудааст:


"Режим ба сатҳи дигари худ расидаст. Ин сатҳи нав аст. Ин дигар кишваре нест, ки дар он ба қонун эҳтиром қоил шаванд. Аммо ҳукумат то ҳол саъй мекунад вонамуд созад, ки ҳарф ба ҳарф қонунро риъоят мекунад. Ҳоло мо навъе миёни Белорус ва Зимбабве қарор дорем. Баъзеҳо мегуянд, бераҳмии пулис ва хашми он дируз дар хиёбонҳои Маскав бештар аз рафтори пулис дар Минск будааст".


Эътилофи нируҳои мухолифи Русия рузи дуввум аст бар зидди маҳдудияти озодиҳои демократӣ дар ин кишвар раҳпаймоии норозиёнро ташкил карданд.
XS
SM
MD
LG