Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷик дар Қирғизистон


ҚМ: Муҳоҷирини тоҷик бештар дар атрофи Бишкек дар вилояти Чуй дар ноҳияҳои атроф ба сар мебаранд ва шуғли аслии онҳо кишоварзист. Шумораи ночизи онҳо дар корхонаҳои давлативу расмӣ кар мекунанд. Ба ҳамин сабаб тазоҳуроти кунунӣ ба вазъи муҳоҷирини тоҷик таъсире нагузоштааст. Вале аз назари маънавӣ ва зеҳнӣ, албатта, муҳоҷирини тоҷикро дар баробари сокинони дигари Қирғизистон чунин вазъ мушавваш сохтааст. Мо ҳам мисли мардуми Қирғизистон аз ин вазъ нигаронем. Ба хусус тоҷикон, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаанд ва медонанд, ки руёруиҳои сиёсӣ метавонад то ба куҷоҳо бикашад. Ба ҳамин сабаб, мо аз бародарони қирғиз мехоҳем, ки вазъи пешомадаро аз роҳи музокира ҳал кунанд.

Суол: Тоҷиконе, ки дар худи Бишкек ҳастанд, бештар дар чӣ бахшҳое кор мекунанд, дар сохтмон ё дар тиҷорат?

ҚМ: Ба дунболи даргириҳои дохилӣ шуморе аз тоҷикон барои раҳонидани ҷони худ ва вобастагонашон аз оташи ҷанги дохилӣ ба Қирғизистон омаданд ва давлатмардони вақти Қирғизистон онҳоро бо руи боз истиқбол карданд ва барои онҳо шароит фароҳам оварданд. Дар миёни ин муҳоҷирони тоҷик ъиддае аз рушанфикрон буданд, ки онҳо аз ҳамон аввал дар ширкат ва сзмонҳои Иронии муқими Бишкек ба фаъолият пардохтанд ва аз ин роҳ то ҳол зиндагии худро таъмин мекунанд. Албатта, шумори дигаре дар бозорҳои Бишкек, аз ҷумла дар бозори Дорбой, ба тиҷорат машғуланд. Баъд аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бахши аъзами муҳоҷирон ба Ватан баргаштанд ва дар ду-се соли ахир бахше аз онҳо ба Руссия рафтаанд ва дар қисмати Сибирии Русия макон ихтиёр кардаанд. Ҳоло дар пойтахт (Бишкек) аз тоҷиктаборон ҳудуди 30 хонавода боқӣ мондааст. Қисми аъзами муҳоҷирони Тоҷикистониро қирғизтаборон ташкил медиҳанд, ки аз навоҳии Ҷиргатол ва Мурғоби Тоҷикистон омадаанд. То кунун беш аз 5 ҳазори онҳо шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардаанд ва раванди гирифтани шаҳрвандӣ то имруз идома дорад ва онҳо мехоҳанд дар ин ҷо доимӣ бимонанд, гарчӣ ба Ватани торихии худ ба Мурғобу Ҷиргатол бо хешовандонашон рафту омад доранд.


Суол: Дар гузаштаи наздик Қирғизистон худаш ҳам пешниҳод карда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шарту шароити хеле сабук шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кунанд, ба шарти ин ки онҳо аз шаҳрвандии Тоҷикистон сарфи назар кунанд. Оё барои ононе, ки мехоҳанд, шаҳрванди Қирғизистонро бипазиранд, сарфи назар кардан аз шаҳрвандии Тоҷикистон душвор нахоҳад буд?


ҚМ: Тибқи қарордоде, ки чанд сол пеш миёни вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид, барои шаҳрвандони Тоҷикистон шароити оддӣ ва осонтар муҳаё шуд ва дар ин муддат бештар қирғизтаборони Тоҷикистон аз ин сабукӣ истифода карданд. Моҳи июли соли 2006 Созмони Милали Муттаҳид низ бо таваҷҷӯҳ ба он, ки вазъ дар Тоҷикистон ором шудааст, барои муҳоҷирони тоҷике, ки дар Қирғизистон ҳақи паноҳандагӣ доштанд, мақоми паноҳандагиро ба поён расонид. Ба онҳо пешниҳод шуд, ки ё ба Тоҷикистон баргарданд ё шаҳрвандии Қирғизистонро бигиранд. Барои гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон бо пешниҳоди номае бояд бигуӣ, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистонро сарфи назар мекунӣ. Ба ин далел, муҳоҷирон бо таваҷҷӯҳ ба сарнавишти ояндаи худ фикр мекунанд, ки оё шаҳрвандии Ватани худро пас диҳанд ё на.


Суол: Оё шумо бо ҳамин гуна одамон сӯҳбат кардаед ва руҳияи онҳо чӣ тавр аст? Дилбастагии онҳо ба Ватан бештар аст ё мондан ва шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кардан?


ҚМ: Албатта, муҳоҷироне, ки қирғизтаборанд, тасмим гирифтаанд, ки дар ин ҷо бимонанд ва шиносномаи қирғизӣ дарёфт кунанд. Вале тоҷиктаборон бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ду соли ахир ва бесуботиҳо дар ҷомеъаи Қирғизистон мисли солҳои қабл чандон талоши зиёд надоранд. Ба хусус, дар ин шабурузҳо онҳо дар андешаи онанд, ки шаҳрвандии Қирғизистонро бипазиранд ё бираванд ба Русия.


Суол: Оқои Мурувват, он гуна, ки медонем, шумо то ҳол шаҳрвандии Қирғизистонро қабул накардаед, ё қабул кардед?

ҚМ: Банда шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кардаам ва ҳоло шиносномаи қирғизӣ дорам.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG