Пайвандҳои дастрасӣ

Алвидоъ, ишқи аввал?


Шоҳзода Уилям - писари бузурги шоҳзода Чарлз ва хонум Диана бо ишқи аввали худ Кейт Миддлтон соли 2001 ҳангоми таҳсил дар донишгоҳи бонуфузи Сент-Эндрюс дар Шотландия ошно шуд. Баъди хатми донишгоҳ онҳо бо ҳам мезистанд. Расонаҳои Бритониё борҳо дар бораи ақди никоҳи Уилям ва Кейт ҳадс мезаданд ва аз ин рӯ хабари ҷудо шудани онҳо раъду барқро мемонд дар рӯзи софу беғубор.
Ба гуфтаи дӯстони Уилям ва Кейт, сабаби ҷудо шудани онҳо - таваҷҷуҳи зиёди шоҳзода ба хизмати низомист. Шурӯъ аз моҳи гузашта Уилям дар машқгоҳи устони Дорсет ба сар мебарад ва вақти холии худро на бо Кейт, балки бо ҳамхизматонаш дар тарабхонаҳо мегузаронад.
XS
SM
MD
LG