Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақр коҳиш ёфтааст? Э-нееъэ...


Тибқи иттилооти расмӣ, ҳудуди 65%-и мардуми Тоҷикистон дар сатҳи фақр ба сар мебаранд ва то 1 апрели соли равон ҳадди миёнаи музди меҳнат дар кишвар 20 сомонӣ, ҳудуди 3 доллари амрикоиро ташкил мекард. Тибқи муқаррароти байнулмилалӣ, ҳар шахсе, ки рӯзона камтар аз 3 доллар даромад дорад, фақир маҳсуб мешавад. Муҳаммад Раҳматов, маъмури яке аз вазоратҳои Тоҷикистон мегӯяд, ӯ 170 сомонӣ, ҳудуди 50 доллари амрикоӣ маош мегирад, аммо барои оилаи 8 нафараи ӯ ин маблағ кофӣ нест. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон беш аз 100 сомониро ташкил мекунад, барои будубоши мӯътадили оилааш ҳудуди 1 ҳазор сомонӣ зарур аст. Раҳматов гуфт, аз барномаи фақрзудоӣ хабар дорад, аммо кӯшише барои ширкат дар ин барнома надоштааст, зеро омода кардани аснод барои гирифтани ягон кӯмак марҳалаҳои зиёди расмиро дар пай дорад.

Алишер Алиев, як сокини шаҳри Душанбе оилаи 4 нафара дорад ва худро фақир меҳисобад. Зеро маоше, ки ӯ ба даст меорад, 145 сомонӣ, ҳудуди 30 доллар аст. Оқои Алиев аз соли 2003 то ба имсол аз барномаи фақрзудоӣ баҳра бурдааст, аммо беҳбуде ба зиндагиаш ворид нашудааст.

Тоҷикистон қашшоқтарини кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ маҳсуб мешавад. Ва барномаи фақрзудоӣ, ки аз соли 2002 ба ин сӯ идома дошт, ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат ворид накардааст. Ва то соли 2010 идома пайдо кардани он ҳам аз нигоҳи мардуми оддӣ эҳтимол дорад муассир набошад.
Меҳроҷ Икромов, як сокини ноҳияи Нуробод мегӯяд, ба ҷуз қувваи худ, ба ягон барномае эътимод надорад. Вай гуфт, аз барномаи фақрзудоӣ ва чигунагии он хабар надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таҳияи Барномаи рушди ҳазорсола ба СММ эътимод бахшидааст, ки агар то соли 2015 иқтисоди кишвар ба миқдори 13 миллиард доллар маблағгузорӣ шавад, даромади Тоҷикистон сари аҳолӣ ба 1000 доллар мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз кишварҳои дигар ба монанди Қазоқистон ва Русия солона 4 то 5 ҳазор доллар сари аҳолии хеш даромад доранд. Ва ба эҳтимоли қавӣ ба 1000 доллар расидани даромади сарикасӣ низ наметавонад Тоҷикистонро аз қатори қашшоқтарин кишварҳои дунё раҳоӣ бахшад.
XS
SM
MD
LG