Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори гумруки фурудгоҳи Душанбе боиси эътироз шуд


МХ

Як гурӯҳи 20 нафараи шаҳрвандони манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар эътироз ба нигаҳдошти тӯлонии колоҳои худ тавассути бахши гумрукии фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷамъ омада, талаб намуданд, ки колоҳои тавқиф шуда ба соҳибонашон баргардонида шаванд. Ба гуфтаи афроди ҷамъ омада беш аз як моҳ аст, ки онҳо наметавонанд колоҳои худро таҳвил бигиранд.




Расул Ҳасанзода яке аз эътирозгарон гуфт колои онҳо аслан аз ҷинсҳои мисли соати тиллоӣ, гарданбанду ҳар матоъи гаронбаҳо иборат аст, ки аз тариқи интернет аз ширкатҳои хориҷ харидорӣ кардаанд.Ва ин коло аз тариқи почтаи УПС ба Тоҷикистон оварда шуда, аммо беш аз як моҳ аст ки бахши гумруки пойтахт онҳоро ба соҳибонашон барнамегардонанд: «Масалан ман аз як ширкати хориҷӣ тариқи «Нетворк маркетинг» як гарданбанди тиллоӣ харидорӣ кардам ва почтаи ЮПС онро ба Тоҷикистон таҳвил дод, вале намедонам бо чӣ сабаб аст, ки гумруки фурудгоҳ онро ба ман намедиҳад. Тақрибан як моҳ мешавад, ки наметавонам бигирам».



Дар ҳамин ҳол мо вориди Идораи гумруки пойтахт шудем. Як нафар аз кормандони ин идора,ки нахост номаш бурда шавад гуфт то кунун расман ҳудуди 800 навъи чунин коло сабт карда шудааст, вале ҳануз механизми баргардони ин амвол дар ҳоли омузиш қарор дорад ва имкон дорад дар ояндаи наздик ба соҳибонашон дода шавад. Ҳамсӯҳбати мо афзуд ҳоло ин масъала дар мақомоти аршади масъули кишвар низ омухта мешавад.
Ва аммо афроди эътирозгар аз ҷумла Расул Ҳасанзода гуфт ҳоло дар ин ҷо ҳамагӣ 20 нафар ҷамъ омадаанд, вале шумораи онҳо аслан то ҳазор нафар будааст.



Намояндагии ширкати УПС дар Душанбе низ гуфт теъдоди афроде, ки аз тариқи почтаи онҳо моли худро таҳвил додаанд наздики 1000 нафар аст. Ва аммо намояндагони баъзе аз мақомоти масъул аз ҷумла, хадамоти гумруки пойтахт мегӯянд, ки пеш омадани чунин шароит таҷрибаи нахуст дар Тоҷикистон аст ва ҳануз тиҷорат аз тариқи «Интернет ва ё «Нетворк Маркетинг» сурат нагирифта буд. Аммо эътирозгарон иддао мекунанд, ки омӯзиши вазъи пешомада аз тарафи макомоти гумрукӣ намебоист якуним моҳро дар бар гирад. Онҳо меафзоянд баъзе аз афрод аз миёни норозиҳо бо додани ришват масалан бо додани 20 ё 30 доллари изофа тавонистаанд колоҳои худро бигиранд.


Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG