Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулли Тоҷикистон: алайҳи "Ватандор" парванда боз нашудааст


Масъулини додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ифтитоҳи парванда алайҳи ҳаракати «Ватандор» ва муассисони ӯро такзиб кардаанд.




Абдусамӣ Додобоев- муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон , ки дар як нишасти хабарӣ аз натоиҷи фаъолияти мақомоти тафтишотӣ дар семоҳаи аввали соли равон сӯҳбат мекард дар ин робита сухан гуфт.
Дар ҳамин ҳол ин мақоми масъули додситонӣ дар бораи теъдоди атбоъи ин кишвар,ки мавриди ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор доранд, маълумоти мушаххас надод. Вале ҳамзамон изҳор дошт,ки дар робита ба қочоқи инсон 44 нафар мавриди ҷустуҷӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон қарор доранд.




Ба таъйиди ҳамин манбаъ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия , Ӯзбакистон ,Қазоқистон ва Туркманистон 15 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ,ки барои содир кардани ҷиноёт таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштанд, ба ватан истирдод шудаанд. Ва дар ин муддат панҷ тан аз атбоъи хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон боздошт ва ба мақомоти кишварҳояшон таҳвил дода шудаанд.




Абдусамӣ Додобоев- муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти натоиҷи фаъолияти семоҳаи мақомоти тафтишотӣ гуфт,ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мизони ҷинояткорӣ дар кишвар боло рафтааст. Аммо оқои Додобоев таъкид кард,ки ин ҷиноятҳо асосан аз дуздии молу мулк ва қаллобӣ иборат мебошад. Муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон дар иртибот ба имконияти эълони афви навбатии давлат бахшида ба даҳсолагии имзои Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон, ки моҳи июни ҳамин сол баргузор мегардад гуфт ин масъала феълан мавриди омӯзиш қарор дорад.




Абдусамӣ Додобоев- муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоле ифтитоҳи парванда алайҳи ҳаракати «Ватандор»- рад мекунад, ки тақрибан як моҳи баъд аз эъломи таъсиси он Додоҷони Атовулло -сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» ва яке аз муассисони «Ватандор» изҳор дошта буд, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон алайҳи ӯ парванда оғоз кардааст.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG