Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

15-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Амрико


Ноиби ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Эван Фейгенбаум дар конфаронсе ба муносибати 15-солагии оғози муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Амрико дар шаҳри Душанбе сабабҳои таваҷҷӯҳи Амрико ба Тоҷикистонро шарҳ дод. Вай гуфт, Тоҷикистон ҳадафи муборизаҳои нуфузи Иёлоти Муттаҳида бо қудратҳои дигар нест, балки як давлати мустақилест, ки Амрико ҳамаҷониба аз истиқлолияти он пуштибонӣ мекунад.

Намояндаи баландпояи Амрико таваҷҷӯҳи кишварашро ба Тоҷикистон марбути чанд омил донист, ки инҳо терроризм, маводи мухаддир, ҷинояткорӣ, корруптсия, бемориҳои сирояткунанда ва тағйири иқлим мебошанд.

Ва онгуна ки интизор мерафт, Эван Фейгенбаум аз афзоиши кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон сӯҳбат карда, умедорв шуд, ки Тоҷикистон бо эҷоди фазои мусоъид ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ хоҳад тавонист, вазъи иҷтимоиро беҳтар ва ислоҳоти демократиро густардатар хоҳад кард.

Нотиқони дигари конфаронс, аз ҷумлаи мақомоти давлати Тоҷикистон ва таҳлилгарон, низ дар бораи ваъи феълӣ ва дурнамои равобити Амрикову Тоҷикистон изҳори назар карданд.
XS
SM
MD
LG