Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии роҳҳои ҳалли мушкили сил дар Тоҷикистон


Ҷаласаи Иттиҳоди фтизиопулмонологони Тоҷикистон, ки имрӯз, 13 апрел дар Душанбе баргузор шуд, бо қабули як қарор дар мавриди дарёфти роҳҳои ҳалли мушкили тавсеъаи маризии сил анҷом пазируфт.


Фтизиатр - ин мутахассиси маризии сил мебошад ва ҷаласаи имрӯзаи Иттиҳоди ин мутахассисон бо ширкати мақомоти баландпояи ниҳодҳои беҳдоштиву вогиршиносии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон барпо шуд.


Дар ҷаласа гуфта шуд, дар ҷаҳон аз се як қисми аҳолӣ гирифтори сил мебошанд ва ин шумор ҳар сол 8-9 миллион нафар афзоиш меёбад. Дар ҷаласа гуфта шуд, вазъи ин маризӣ дар Тоҷикистон низ муташанниҷ аст.


Дар кишвар Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2003-2010 амалӣ гашта истодааст. Охири соли гузашта Қонун «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» қабул гардид.
XS
SM
MD
LG