Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи парвоз ба Маскав


Ширкати давлатии ҳавонавардии "Tajik Air" нархи чиптаҳои парвоз аз Душанбе ба Маскавро сар аз панҷуми апрел аз 349 ба 389 доллар расонд. Ҳамзамон нархи чиптаҳои ҳамин парвоз дар бизнес-класс ба ҷои 523 акнун 544 доллар муқаррар гашт.

Дар ҳамин ҳол нархи чиптаҳои парвоз аз Маскав ба Душанбе бетағйир боқӣ мондааст. Ба сурати умум нархи чиптаи рафту бозгашт 569 ва дар бизнес-класс 853 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

То тирамоҳи соли гузашта нархгузории ширкати воҳиди давлатии "Tajik Air" таҳти назорати Онҷонси зиддимонополӣ ва пуштибонӣ аз соҳибкорӣ қарор дошт, вале аз моҳи сетнябри соли 2006 бо дархости ҳукумат ин назорат қатъ карда шуд ва акнун "Tajik Air" ҳақ дорад, нархи хадамоти худро ба таври дилхоҳ тағйир диҳад. Дар ин байн сифати ин хадамот ҳамоно дар сатҳи паст боқӣ монда, ҳамеша сабаби шикоятҳои зиёди мусофирон мегардад. Биноан, шаҳрвандони Тоҷикистон ғолибан ба ширкатҳои дигари ҳавонавардӣ бартарӣ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG