Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмуни нирӯ, тавозун ва зебоӣ


Дар рақобатҳо 140 варзишгар аз шаҳрҳои Душанбею Қӯрғонтеппа ширкат доранд, ки миёни онҳо қаҳрамонҳои соли гузаштаи Тоҷикистон, ба мисли Фаррух Маҳмудов, Дмитрий Шапоров, Зарина Наимова, Бӯстон Норов ва Татяна Иванова ҳастанд. Ин мусобиқот, ки дар толори мактаби варзишии захоири олимпӣ оид ба акробатика ҷараён дорад, рӯзи 14-уми апрел ба анҷом мерасад.

Хабари дигар. Рӯзҳои 14-ум ва 15-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқоти бози ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии озод барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди мураббии варзида Нусратулло Абдуллоев баргузор мешавад.

Сардовари ин мусобиқот Абдурозиқ Олимов ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҳафт вазн беш аз 150 гуштигири ҷавон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва вилояти мухтори Ёқутистони Русия ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд, миёни гуштигирони ҷавони тоҷик, қаҳрамонҳои кишвар, монанди Алӣ Шарифов, Манучеҳр Мирборонов, Аслиддин Шарифов ва Эраҷ Табаров ҳастанд.

Ва хабари охирин барои мухлисони футбол. Даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ рӯзи 14-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров -«Саройкамар»-и Панҷ ва «Гвардия»-и Душанбе - «Энергетик»-и Душанбе оғоз мешавад. Се бозии дигар рӯзи 15-уми апрел байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - CSKA «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Хима»-и Душанбе ва «Динамо»-и Душанбе - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барпо мегардад.

Дар айни ҳол тими «Регар» ТадАЗ бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG