Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замини давлатиро мефурӯшанд?


Файзулло Дадоҷонов, раиси кумитаи заминсозии Суғд дар ин бора мегӯяд: «Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон 645 ҳолати вайронкунии қонунҳои Тоҷикистон оид ба замин ошкор шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ним баробар зиёд мебошад.»

Дар ин маврид, Мирзошариф Назаров, сардори шӯъбаи назорати додситонии Суғд, ки ахиран дар раъси як гурӯҳи корӣ масъалаи тақсим ва истифодаи замин дар ин минтақаро анҷом додааст, мефзояд: «Дар бисёр шаҳру ноҳияҳо замин талаву тороҷ гардида, замин мавриди хариду фурӯш ва қонуншиканиҳои коррупсионӣ қарор гирифтааст. Аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ба тариқи ғайриқонунӣ барои сохтмонҳои ғайриистеҳсолӣ, манзил ва барои ҳавлӣ қитъаҳои заминҳои обӣ ҷудо карда мешавад. »

Устони Суғд дорои беш аз як миллион гектар замини қобили кишт буда, вале танҳо наздики сеяки он замини корами обӣ мебошад. Ин масоҳат, бо назардошти он ки ба ҳар як сокини Суғд танҳо сад метри мураббаъ рост меояд, чандон бузург нест. Ба гуфтаи коршиносон, камбуди замин, ба хусус, замиҳои обии ҳосилхез ҳукумати Тоҷикистонро водор кардааст, фурӯши онро барои истифодаи шахсӣ манъ ва аз тақсими он барои истифодаи якумра шадидан назорат барад. Ахиран, бо ислоҳи Асноди замини Тоҷикистон замин дар ин кишвар моликияти давлатӣ дониста шуд.

Ба назари Файзулло Дадоҷонов, раиси кумитаи заминсозии Суғд, норасоии замин ва зиёд будани хоҳишмандони ба даст овардани як порчаи он барои бунёди манзилу иншоотҳои тиҷоратӣ ва истифодаи кишоварзӣ бозори тиҷорати заминро аз сӯи масъулин гарм кардааст: «Ҳар як шаҳрванд мехоҳад, ки қитъаи замини наздиҳалигӣ гирад ё хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунад. Вай барои ба даст овардани замин ба ҳар гуна шаҳрвандон муроҷиат мекунад ва онҳо миёнаравӣ мекунанд, инчунин баъзе аз мақомоти масъул барои додани ғайриқонунии замин аз ваколатҳои хидматии худ истифода мекунанд.»

Вале коршинос Улмаси Эрка, ривоҷи заминфурӯширо ба омили дигар бастагӣ медиҳад: «Имрӯз Тоҷикистон ниёз ба як барномаи мушаххаси тақсими замин дорад. Ба хотири он ки заминҳои корам дар Тоҷикистон хеле ночиз аст, нисбати талабот. Аз ин рӯ, як барномаи хубу мушаххас барои истифодаи заминҳои бекорхобида дар манотиқи Суғд ва тақсими он зарур аст. Ва ин имконият медиҳад пеши роҳи фасодкорӣ дар тақсими замин гирифта шавад, яъне, харидани замин бо додани маблағи муайян ба масъулини идораҳои заминсозӣ ва ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.»

Аммо киҳоянд, ки бидуни иҷозаи қонун низ дар Тоҷикистон метавонанд замин харидорӣ кунанд? Дар ин маврид Қурбон Каримов - муовини раиси ҳукумати Суғд мегӯяд: «Дар мисоли ноҳияи Конибодом.... 15 гектар замини зардолузори ҳосилдиҳандаро санад тартиб додаанд, ки гӯё ин замини камҳосил аст ва ба хоҷагӣ зараровар аст. Ва ин заминро собиқ муовини раиси ноҳия, раиси собиқи хоҷагӣ ва чанд хешу табори онҳо тақсим карда гирифтаанд. Ин гуна ҳодисаҳо дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Боборҷон Ғафуров ва шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд низ ҷой доранд. Яъне, заминро кӣ мегирад? Боз ҳамон шахси мансабдор, боз ҳамон раҳбар ва боз ҳамон одами пулдор мегирад. Вале дар натиҷа мардуми оддӣ аз сиёсати ҳукумат норозӣ мешавад.»

Оқои Каримов гуфт, ҳукумати Суғд ба хотири дарёфти маълумоти бештар ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои заминфурушӣ дар назди даромадгоҳи идораи худ қуттии «Боварӣ» гузоштааст, ки тавассути он хоҳишмандон метавонанд арзу шикояти худро ба масъулин расонанд.
XS
SM
MD
LG