Пайвандҳои дастрасӣ

"Хеле шуд, тафтиш накардаанд."


Бархе аз муҳоҷирони тоҷик, ба вижа тоҷироне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, бар он назаранд, ки ҳарчанд имсол низ аз ҷониби пулис боздошт ва ҷарима шудани муҳоҷирон дар Алмаато идома дошт, вале дар маҷмӯъ, вазъи онон боиси нигаронӣ нест. Аз ҷумла, бозаргон Хайрулло Аҳмадиев, ки зодаи ноҳияи Қумсангир аст, мегӯяд:

«Ҳозир бисёр хуб аст. Хеле шуд тафтиш накардаанд. Ҳамин тавр равад, нағз мешавад»

Ба андешаи Хайрулло, Абдуқаҳҳор Сатторов, ки дар бозори Балашаки Алмаато савдо мекунад, низ розист. Вале Абдуқаҳҳор чунин меҳисобад, ки ҳарчанд дар масъалаи амният ва муносибати пулис ба муҳоҷирон чун солҳои қабл тағйироти ҷиддие рух надодааст, вале зиндагии муҳоҷирон дар Алмаато ва кулли Қазоқистон назар ба пештара ба маротиб душвор гардидааст.

«Шароити кор ҳозир назар ба он солҳо камтар суст шудааст. Солҳои гузашта квартирааш ҳам арзон буд, савдо ҳам хуб буд. Ҳозир, мисол , савдо ҳам суст шудагиву ҳам иҷора ҳам душвор. Иҷораи хона пеш мисол дусад доллар буд, ҳозир 400 доллар шудааст. Даромад ҳам он қадар хуб нест. Нарху наво ҳам баланд шудааст. Шароит камтар вазнин шудааст.»

Абдуқаҳҳор мегӯяд, ки як- ду соли ахир онҳо бо мусоидати сафорати Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрдории Алмаато муҷаввизи корӣ ба даст оварда буданд, ки он соли гузашта лағв гардид. Кунун онҳо корти муҳоҷирати сесола гирифтаанд ва барои ин муддат сабти ном ҳам шудаанд. Вале ин корт ба муҳоҷирони корӣ иҷозаи тиҷорат дар бозорро намедиҳад. Дар ҳар сурат, бозаргонҳои тоҷик чун дигар тоҷирон алъон дар бозор машғули тиҷоратанд ва то ҳол ниҳодҳои интизомии Қазоқистон дар ин робита аксуламале нишон надодаанд.

Фозилҷон Курумов, бозаргони дигари тоҷик инро чун вазъи номуайяни муҳоҷирон медонад, яъне, онон на иҷозаи қонунии фаъолият доранд ва на ниҳодҳои интизомӣ ба фаъолияти онон халал мерасонанд:

«Барои он мардуме, ки дар бозоранд, ҳоло як навъ номуайяние мавҷуд аст. Барои он ки ҳама ҳуҷҷатҳоеро, ки барои бозаргони тоҷик талаб мекунанд, онро ҳама надоранд. Масалан, муҷаввизи иқомат, РНН –у СИК -ро барои супоридани молиёт ҳама надоранд. Оянда намедонам, мумкин барои ин тоҷиконро аз бозорҳо ва дигар ҷойхо сур кунанд.»

Вале дар ҳар сурат, бозаргон шод аст, ки алъон онҳо бидуни мамониат дар бозор кор карда истодаанд ва ба истилоҳ, чаҳор танга ҳосил карда ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ин масъала, яъне, иҷозаи фаъолият ба муҳоҷироне, ки дар бозор кор мекунанд, имкон дорад, дар ду ҳамоиш-яке дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои Авруосиё ва дигаре дар нишасти вазирони хориҷаву дохила ва додситонҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд, ки ҳамин моҳ дар Остона баргузор хоҳанд гардид, ҷиҳати баррасӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба миён гузошта шаванд.
XS
SM
MD
LG