Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси САҲА вориди Душанбе мешавад


Қарор аст, имрӯз раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, вазири хориҷаи Испаниё Мигел Анхел Моратинос вориди Тоҷикистон шавад.


Ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафар Мигел Анхел Моратинос бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифов мулоқот мекунад.


Амнияти минтақа ва дигар масоили ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯҳои мавриди баҳс гуфта шудааст.


Боздиди раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG