Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири Бонки ҷаҳонӣ узр пурсид


Мудири Бонки Ҷаҳонӣ Пол Вулфовитз дар робита ба он ки дар ин бонк маоши як дӯсти худро боло бурдааст, бахшиш пурсид.


Шаҳа Ризо, як бонуи дӯст бо Пол Волфовитз баъди мудир таъйин шудани оқои Вулфовитз дар ду соли пеш ба вазорати умури хориҷаи Амрико кор гузаштааст.


Аммо пеш аз ин Пол Вулфовитз маоши солонаи Шаҳа Ризоро тақрибан 200 ҳазор доллар кардааст, ки назар ба маоши Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи Амрико бештар аст.


Кормандони Бонки Ҷаҳонӣ хостори истеъфои Пол Вулфовитз шудаанд ва ҳайъати мудирони бонк дуруст ва ё ғайриқонунӣ будани ин амалкарди Пол Вулфовитзро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG