Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Раҳмонов: «Донишҷӯёни ҳиҷобпӯш аъзои ҳаракатҳои исломианд»


Шг

Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маъорифи Тоҷикистон ҳушдор додааст,ки донишҷӯдухтароне, ки бо ҳиҷоб ба дарс ҳозир мешаванд, бе истиҳола аз донишгоҳ хориҷ хоҳанд шуд.



Оқои Раҳмонов ба ин матлаб ахиран дар нишасти матбуъотии вазорати маъорифи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид намуд. Вазири маъорифи кишвар бо ишора ба қонуни маъориф, ки мегӯяд, мактаб аз дин ҷудост, ин тасмими худро мутобиқ бо қонун арзёбӣ кард. Афзун бар ин Абдуҷаббор Раҳмонов духтарони ҳиҷобпӯшро ҳамчун аъзои ҳаракатҳои мухталифи исломӣ ном бурд,ки мехоҳанд бо ин васила фаъолияти худро дар муассисоти таълимии вобаста ба давлат таблиғ кунанд.



Абдуҷаббор Раҳмонов таъкид кард, ки ҳамчунин наҳваи бархурд бо донишҷӯ духтароне, ки аз тарзи пӯшиши либосҳои аврупоии нимурён истифода мекунанд кор бурда хоҳад шуд. Оқои Раҳмонов талаби худро нисбати либоси ягонаи умуми барои муҳассилин қатъӣ хонд. Вай ҳамзамон аз таҳияи дастурамале, ки дар он намунаҳои либоси ягона дарҷ ёфта ва дар ҳоли нашр аст, ёддовар шуд. Вай таъкид кард, ки донишҷӯёни макотиби олии кишвар муваззафанд ҳамин гуна либоси муайяншударо ба бар кунанд.


Шаҳлои Гулхоҷа, Душанбе
XS
SM
MD
LG