Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шаҳрдори Душанбе аз фаъолияти хабарнигорон


Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, расонаҳои гурӯҳӣ ва радиоҳои хориҷии фаъол дар Тоҷикистон дар инъикоси раванди бозсозии пойтахт ба бемасъулиятӣ ва сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ роҳ додаанд. Раванди мазкур бар асоси дастури шаҳрдорӣ аз аввали соли равон шурӯъ ёфтааст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе зимни баррасии барномаи бунёди Муҷтамаъаи боғи устод Рӯдакӣ дар як маросим расонаҳои гурӯҳиро дар инъикос ва бозтоби ба гуфтаи ӯ якҷонибаи ҷараёни бозсозии пойтахт муттаҳам кард. Оқои Убайдуллоев гуфт нақшаи бозсозии пойтахт ҳанӯз дар соли 1983 дар замони шӯравӣ таҳия шуда ва мебоист соли 2005 ба поён мерасид. Вале ҳоло,ки шароити иҷрои дубораи он фароҳам шудааст, расонаҳои гурӯҳӣ бидуни дарки воқеият ва таҳлили амиқи он даст ба интиқоди беасоси ин барнома задаанд.





Раиси шаҳри Душанбе афзуд,ки ба ҳеҷ сурат иҷрои барномаи бозсозии пойтахт тағйир нахоҳад кард ва хабарнигорон низ дар инъикоси ин масъала ва фаъолияти ниҳодҳои вобаста ба шаҳрдорӣ бояд аз мавзеъи масъулини пойтахт дар матолиби худ истифода кунанд. Аммо таъкид кард, ки худи имконият ва вақти мулоқот ва мусоҳиба бо расонаҳои гурӯҳиро надоштааст.






Интиқоди фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ аз сӯи Муҳаммадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ - нафари дувум дар давлати Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад ,ки Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маъорифи ин кишвар низ зимни як нишасти хабарӣ расонаҳо ва аз ҷумла радиои Озодиро ба иқдоми ба гуфтаи вай ангезиш додани ҷомеъа муттаҳам кардааст.





Дар ҳамин ҳол марҳалаи навбатии нишастҳои хабарӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ин нишастҳо бар асоси як дастури президент Эмомалӣ Раҳмон аз баҳори соли 2005 ба манзури дастрасии хабарнигорон ба манобеъи расмии иттилоот ва бозтоби фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ҳар се моҳ баргузор мешавад.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG