Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси пиромуни ҳиҷоб


Иттилои бештар ин ҷост.
Ва тафсилоти ҳодиса ин ҷо.

Ҳарф набояд дар сари он бошад ки оё хонумҳои Тоҷикистон ҳиҷоб бар сар кунанд ё хайр. Ин ҷо сухан дар сари он аст, ки оё ҳукумати кишварамон ҳуқуқ дорад ҳиҷобро манъ кунад?

Нахуст, ин иқдоми Вазорати Маъориф алайҳи чанд банди Қонуни Асосист:

Моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи 17. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд. (ҷумлаи охаринаш ҳам).

Моддаи 26. Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

Дуввум ин ки бо ин иқдом, ҳукумат ба ривоҷи тундгароиву буднёдгароиро дар Меҳани азизамон ёрӣ мерасонад (албатта худ нафаҳмида). Ман худам шахси хеле секулор ҳастам, вале зидди ин тадбирам. Ҳар мард ва зан ҳуқуқи баробар доранд.

Таҳминабону, ман бисёр хуб мефаҳмам манзури шумо чист, аммо бубинед, магар зан озод нест хоҳ ҳиҷоб, хоҳ либоси хеле кушоди Урупоиро ба тан кунад?

Ҳодизода
-------------------------------------
Ба назари банда ҳам ҳиҷоб иқтибосе аз фарҳанги араб мебошад ва на танҳо барои пӯшондани саропои занону мардон, бале ҳатто мардон! Балки бештар барои ҳимоят аз бодҳои пурчанги биёбонҳои араб.
Мо, тоҷикони асил, бояд аз ислом ҷанбаъҳои хубашро бигирем, на урфу одати арабҳои саҳронишинро.
Бо эҳтиром ба ҳамагон
Ҳикматулло Сафарзода
---------------------------------------
Онҳое ки ҳиҷобро манъ мекунанд, оё омодаанд, ки модару хоҳарони худашон белибос ба кӯча бароянд? Оё мехоҳӣ, ки занат ё хоҳарат ба як амрди бегона гап бизанад? Ҳиҷобро худованд офаридааст ва он зоти пок ҳеч чизро бе ҳикмате намеофарад.

Абдуллоҳи Каримӣ
---------------------------------------
Занони кӯҳистони тоҷик дар тӯли таърихи ислом ҳеч вақт ҳиҷоб надоштанд. Ҳиҷоб ин иқтибос аз фарҳанги араб мебошад.

Анор
---------------------------------------
Ман пурра тарафдори вазири маъориф ва раиси ҷумҳури Тоҷикистонам. Онҳо як чиз мегӯянд, ки ҳар идора, муассиса, донишгоҳ қоидаҳои муайяни худро дорад. Масалан, шумо ку наметавонед, бо либоси ҳаммомравӣ ба масҷид равед ва бо либоси масҷидравӣ ба бӯғхонаи ҳаммом дароед. Вақте ки чунин қоидаҳо дар донишгоҳҳо ҳаст, ҳама бояд онро риоя кунанд. Демократия ин риояти қонуну қоида аст, на чизе ки дилат мехоҳад, бикунӣ.
Дувумаш ин ки вазир ё раис ин духтаронро маҷбур накардаанд, ки дар хона ҳиҷоб напӯшанд. Пӯшанд, чӣ қадар ки дилашон мехоҳад.

Ашӯр Назарзода
---------------------------------------
Ман фақат 3 матлабро хидмати он мақомоте ки аз ҳиҷоб ҷилавгирӣ мекунанд, гуфтаниям.
1. Касоне ки дар саддади манъи ҳиҷобанд, касонеанд ки қонунро зери пой гузоштанд, чаро ки Тоҷикистон кишварест демократӣ ва ҳуқуқбунёд.
2. Фаромуш накунанд ки такрибан 97 ё 98 дар сади мардуми Тоҷикистон мусалмон аст ва инҳо дар пушиши либоси худ озоданд.
3. Ҳунар он нест ки ҷилавгирӣ аз ҳиҷоб шавад, балки ҳунар он аст ки аз беифатиҳо ҷилавгирӣ шавад

Эшони Самариддин Самадов
аз ноҳияи Темурмалик

--------------------------------------
Ба Ашӯр Назарзода:
Ту думболи Европа надав!

Алӣ Саидаҳмадӣ аз Финлонд
-------------------------------------
Пеш аз ҳама ташаккури зиёд аз хоҳари азиз Парвона Джунайдова.
Кори Шумо аз ҳама асосӣ аст зеро тоати махлуқро барои исён кардан ба холиқ мутлако раво нест вале дар як чиз ман ҳайронам оё Таҳмина Шумо фарҳангро хуб медонед ё инки ҷаноби Эмомалии Раҳмон? Шояд пурсед ин суол барои чист??? зеро бо Муҳтарам ҷаноби олӣ вақто ки вохурӣ доштем онкас бо сари баланд гуфтанд ки (ИСЛОМ ФАРҲАНГИ МОСТ ВА ҲАРГИЗ КАСЕ ОНРО АЗ МО ГИРИФТА НАМЕТАВОНАД) пас чихел шарм надошта мегуи ки (ҳиҷоб ба фарҳанги миллати тоҷик ягон рабте надорад) вақто ки Ислом фарҳанги мост ҳиҷоб аз исломаст ва сониян ҳиҷоб ин ноқис будани занҳо нест балки боло бурдани шарафи онҳост ва нигаҳдории онхо аз чашми бад аст зеро зан агар комилу покиза бошад ҷомиа покиза мегардад.
Бо эҳтироми бепоён
Аминҷон
--------------------------------------
Ман ин ҷо сад дар сад тарафдори хоҳари хуб Таҳмина ҳастам.
Дар Шарқ зери ҳиҷоб будани занон маънои онро дорад, ки онҳо ҳамчун мол шинохта мешаванд ва инро мо мардон хеле хуб медонем. Дар Ғарб бошад, мардҳо ба занҳо ҳамчун ба инсон нигоҳ мекунанд. Пӯшидани ҳиҷоб маънои онро надорад, кии ҳамаи занҳои ҳиоҷобпӯш нексиришту поктинатанд. Худо худи одамро аввал инсоф бидиҳад, чунки шахсе ки соҳиби инсоф аст, ӯ ҳамеша пок аст.

Далер
-------------------------------------
Таҳминабону!
Ман намедонам, Шумо кадом осори қадимаро дар назар доред. Агар ба худи шумо аз ҳамон осори қадима оварда диҳанд, ҳаргиз онро ба бар намекунед.

Сониян, ҳар кас дар тарзи либоси худ озод аст. Зеро мо кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд дорем. Пинҳон кардани зебу зиннатҳеч гоҳ далолат ба тундгароӣ ва ё исломӣ намекунад, агар касе нияту ҳадафи итоати фармони илоҳӣ дошта бошад, вобаста ба ҳусни нияти он кас мешавад.

Солисан, бале, рӯз то рӯз, мардҳои тоҷик, худро аз духтарон зиёдатар мепӯшонанд ва мард аз зан хеле тафовуте дорад дар баробари пӯшондани хеш, ин далел шуда наметавонад ва осори қадимаи шумо инро комилан рад мекунад.

Б.Мусофир
----------------------------------------
Ташаккур бародарони гиромӣ барои дастгириатон. Воқеан ҳам ин масъала(ҳиҷобро) дар донишгоҳҳо бароварданд. Ман худ яке аз он донишҷӯдухтарони рӯймолпӯши ДДМТ ҳастам. Бо мо бисер маҷлисҳо гузарониданд. Алъон ба мо 1 ҳафтаи дигар вақт гузоштанд, то фикр кунем, рӯймоламонро кашем ё хориҷ шавем! Оре Худованди Мутаол талаби илмро фарз гардонидааст, аммо пӯшидани рӯймол ҳам фарз аст(сураҳои АН-НУР,АН-НИСА, АЛ_АХЗАБ)! Вале шахсан ман, аз рӯймоли пушидаи худ даст намекашам, агарчи аз донишгоҳе, ки ба дохил шуданаш орзу мекардам хориҷ кунанд. Ба хоҳар Таҳмина гуфтанӣ ҳастам , ки Мо ДАР ЗЕРИ РӮЙМОЛ, ХУДРО АЗ ШУМО ДИДА ОЗОДТАР ҲИС МЕКУНЕМ!
Иншоаллоҳ, ки Худованд ба мо ёрӣ мерасонад. Дар панохи Худованди Мутаол.

Парвона Джунайдова.
ДДМТ,ф-шарқшиносӣ.

----------------------------------------
То замоне ки номаи Таҳминаро нахондам, фикр кардам ин саҳифа моли арабҳои ваҳҳобӣ ё толибони тундгарост. Наход дунёи имрӯз бар сари ҳамин масъалаҳо дармонда бошад? Магар ҳиҷоб асосист ё иффат. Ман шахсан дидаам ҳиҷобпӯшонро ки ғамзаҳое мекунанд, ки дар ҳайрат мемонӣ. Ва ҳамчунин занони аврупоипӯшро ҳам дидаам, ки садоқати онҳоро санги хоро ҳам шикаста наметавонад. Агар зоҳирро аз ботин авлотар медонед, иштибоҳ мекунед. Дар Ғарб кӯшиш ба ин аст, ки ба зан на ҳамчун объекти шаҳвонӣ, балки ҲАМЧУН БА ИНСОН нигоҳ кунанд. Он гоҳ ягон ҳисси шаҳвонӣ бедор намешавад ва шарт нест, зан дар ҳиҷоб бошад. Ба фикри ман, масъала ҷиддитар аст. мардҳои мусулмон ҳаргиз намехоҳанд, занони онҳо соҳиби ҳаққу ҳуқуқ бошанд ва дар баробари мардон худро инсон ҳис кунанд, на балки танҳо ҷисми латифе ки фақат ҳисси шаҳвониро ба ҷумбиш меорад.

Таҳмина дуруст мегӯяд, ки пас чаро худи шумо, ҳомиёни ҳиҷоб, салла намебандед ва бо яктаҳу ҷома намегардед?

Ашӯр Назарзода, Лаҳистон
----------------------------------------
Дар нашрияи "Миллат" хондам ки гӯё вазири маориф духтарони ҳиҷобпӯшро гуфтааст, тақлид ба мардуми Эрон мекунанд. Ба фикри ман, тақлид ба мардуми Эрон кардан беҳтар аз нисбат ба мардуми Ғарб.Чаро духтароне ки бо либосҳои нимурён, ки қариб тамоми ҷисмашон намоёнанд ва аз тамошои ин гуна манзараҳои "дилфиреб" то як андоза ба коста шудани ахлоқи ҷавонон мусоидат мекунад, онҳоро манъ намекунем. Баъд вақте мебинем, ки духтаре ҳиҷоб пӯшида ба дарс меояд, онҳоро манъ мекунем?!

Беимзо
----------------------------------------
Ман инро гуфтаниям, ки ин назарсанҷиҳо ва ин пешниҳодҳое, ки аз мардуми тоҷик мешавад, сирфан беасар ва ба манзалаи ташрифотӣ аст. Охир кай ва кадом руз ин назарсанҷиҳо дар амалкарди масъулони давлати мо таъсир дошт?
Шароф аз Кӯлоб.
----------------------------------------
Ба Таҳмина аз Душанбе
1- Шумо мегўед ҳиҷоб ба фарҳанги миллати тоҷик ягон рабте надорад. Оё беҳиҷоби ва нимбараҳнагӣ ба фарҳанги тоҷик рабт дорад? Дигар ин ки нафаҳмидем, ки манзур аз осори қадимии шумо чӣ бошад? Осори Исломшиносони ҷангалӣ бошад ё осори мусалмонҳои ҳақиқӣ?
2- Шумо мегӯед ҳиҷоб дар аввалин дид зеҳни инсонро ба маънои ғулому ноқис будани духтарону занони тоҷик мебарад. Пас агар беҳиҷобӣ зеҳни инсонро ба маънои озоди ва адами ноқисии занон мебарад?
3- Зани беҳиҷоб инсонро ба ҳаяҷон меоварад на зани зери пӯшиши ҳиҷоб.

Абдусамади Карим
----------------------------------------
Ҷаноби сардабир!

Шумо ин ҷо асосан андешаи онҳоеро нашр кардаед, ки фақат як тарафи мағзашон кор мекунад. Ба ҳамин далел ман хостам, назари худро баён дорам.

Аввалан, ҳиҷоб ба фарҳанги миллати тоҷик ягон рабте надорад. Осори қадимӣ ҳаргиз нагуфтаанд, ки занони мо ҳиҷобпӯш буданд. Ҳатто пеш аз омадани ҳокимияти шӯравӣ дар кӯҳистони тоҷик занон беҳиҷоб буданд.

Сониян, ҳиҷоб аз аввалин дидани он маънии ғулому ноқис кардани духтарону занони мост ва ҳатто соҳибони аслии он имрӯз ҳиҷобро як чизи нодаркор ва кӯҳнашуда мешуморанд ва агар маҷбур набошанд, ҳаргиз ба сар намекунанд. Исломиёни тундгаро онро фақат рамзи вижагии худ ва муборизаи худ зидди Ғарб медонанд. Аммо ба мо чи???

Солисан, чаро мардҳои тоҷик ҳарчи мехоҳанд бипӯшанду занони тоҷик бояд ҳатман дар ҳиҷоб бупечанд? Ба фикрам, онҳое ки аз ҳиҷоби бонувони тоҷик ба ҳаяҷон омадаанд, кӯҳнагаро ва мухолифони пешрафти ватани мо Тоҷикистони азизанд.

Таҳмина аз Душанбе
----------------------------------------
Масъала на масъалаи қонуни ҳиҷоб аст ва на раиси ҷумҳур. Зеро аз як қонун ва як раиси ҷумҳур сўҳбат кардан дар ҷое аст, ки мо аввалан як давлате дошта бошем ки аз тарафи мардум қонунаш навишта ва сардори давлат ҳам мутобиқи он қонун интихоб шуда бошад. Дар ҳоле, ки ҳеҷ кадом дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Бинобар ин, агар ин масъала ба сурати референдум аз мардум назарсанҷӣ шавад, хоҳем дид, ки мардум оё ин қонуни дикташуда аз тарафи бегонагон ба давлати Тоҷикистонро қабул доранд ё не. Аммо сад афсўс, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ қонуне бо назари мардум тасвиб намешавад.
Бо эҳтиром, фарзанди миллат
------------------------------------------

Салом, ман аз хориҷи кишвар ҳастам. Вақте ки ин хабари ғамангезро шунидам, хеле таассуф мехӯрам бар масъулини ҷумҳуриямон, ки чаро қонунеро, ки тасвиб карданд, яъне, демократӣ, ки бар хилофи он амал мекунанд? Дар давлатҳое, ки ақаллияташон мусалмон аст, ҳиҷобро манъ намекунанд, аммо дар ҷумҳурии демократии мо, ки аксарияташон мусулмонанд, ҳиҷобро манъ мекунанд. Оё манъ кардани ҳиҷоб барои пешрафти ҷумҳурии демократӣ чӣ зарар дорад? Аз Радиои Озодӣ хоҳишмандем, ки ин пайғоми моро пахш намояд.
Юсуф
--------------------------------------------------

Ман як нафар ҷавони Тоҷикистон, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афсар хизмат дорам ва нисбати ин мушкилот гуфтаниям, ки пӯшидани ҳиҷоб ба духтари тоҷик хуб аст аз оне ки либоси нимбараҳнаи аврупоӣ мепӯшаду мӯи сарашро мебурад. Агар мо пеши роҳи духтароне ки либоси нимбараҳнаи аврупоӣ мепӯшанд гирем хуб мешуд, имрӯз духтарони тоҷик аслан пӯшидани либоси миллии тоҷикиро фаромӯш кардаанд
--------------------------------------------

Ассалому алайкум,
Духтарҳои ҳозиразамон либоси аврупоиро ба худ хос кардаанд, ки ин ба ҷамъияти м рост намеояд. Ба фикрам, дар ҳиҷоб пӯшидан ҳеҷ ҷои гап нест, ин набояд камбудӣ ҳисобида шавад. Баръакс, мо бояд шукр гӯем, ки духтари тоҷик ҳиҷоб ё либоси миллиро ба худ хос кардааст.
Ба ҳамаи мардуми боломақом расониданиям, ки аввал камбудиҳоеро сари масъала гузоред, ки ба манфиати ҷомеа бошад, аз ҷумлаи иқтисод, сатҳи камбизоатиро паст кардан ва дигар масъалаҳои муҳим.
Бо эҳтиром, Ғариб.
----------------------------------------------------

Ман ҳар вақт ин сайтро боз мекунам ва қонуни наверо ки давлати Точикистон тасвиб карда аст, мехонам аввал ба заковати онон механдам ва баъд ба ҳоли миллатам зор-зор мегирям. Амон аз дасти рўзгор ки ин миллатро гирифтор ба дасти чӣ касоне кардааст.
Бо эҳтиром тоҷики ҷигархун
--------------------------------------------------------

Салом,
Бо кадом сабаб ҳиҷобро манъ мекунанд, магар давлати мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд нест? Бояд мардум озод бошанд дар либоспӯшӣ, магар беҳтар нест, вақте ки духтари тоҷик либоси миллии ҳиҷоб пӯшад ва аз корҳои беҳуда дур шавад. Чӣ магар мехоҳем, Тоҷикистони мо монанди Маскав шавад, ҳама духтарҳо беҳуда ва зинокор ва шаробнӯш, магар мехоҳем, духтари тоҷик ин тавр шавад?
Сорбон
-----------------------------------------------------------

Дуруди бепоён ба ҳамватанон!
Тоҷикистони мо Давлати Демократӣ, Ҳуқуқбунёд номида шудааст, лекин касе наметавонад ҳуқуқи худро дошта бошад. Мардуми тоҷик, фаромӯш набояд сохт, ки зани тоҷик беқадртарин зан номида шудааст, чӣ дар Русия ва чӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, аз рӯи чӣ? Аз рӯи бештар тақлид кардан ба давлатҳои Ғарб дар тарзи либоспӯшӣ.
Бо эҳтиром, Дилшод
-----------------------------------------------------------------

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
Ростӣ, ман аз ин хабар хеле мутаассир шудам, ки ин чӣ ҳарфҳое аст ки мешунавем. Охир инсони комилақл, агар инро тасавур кунад, чӣ зишт аст, ки духтари тоҷик асли онҳо мусалмонзода мебошанд ки бо як либосе ба кӯча мебароянд тамоми аъзои баданаш намоён мебошанд. Чаро сари роҳи фоҳишагиву шаробхӯриро намегиранд?
Аллоҳи зулҷалол занони мусалмонро ба сатр намудан амр намудааст (ОЁ ҚОНУНИ ИЛОҲӢ МӮЪТАБАР АСТ Ё ҚОНУНИ ШУМО!?) эҳтиёт кунед, ки дар чоҳ наафтед.
ФИРДАВС аз мамлакати хориҷа.
------------------------------------------------------------

Салому алайкум,
Дар Амрико ҳиҷоб манъ не, дар аксар давлатҳои ғайриисломӣ ҳиҷоб манъ набуда дар Тоҷикистоне, ки мусулмонӣ аст ва раиси мусулмону ҳоҷӣ дорад, манъ эълон шудааст. Оё аз аҷоибот нест?
Дилсӯз
--------------------------------------------------------------

Салом,
Мардум бояд озодии дину ақида ва баён дошта бошанд. Ин ки ҷаноби вазир фармуда аст, ки ҳиҷоб фарҳанги бегона аст ба назари ман ишкол дорад, чун ҳар чизи мантиқӣ ва ақлӣ марз надорад, масалан, мо як чизи фалсафӣ ва ақлиро ба сабаби он ки аз ақвоми бегона аст наметавонем рад кунем, масалан, дини масеҳӣ дар Фаластин ба вуҷуд омада аст ва аксари пайравони он дар Амрико ва Аврупо ҳастанд ва ё коммунистӣ, ки дар Олмон ба вуҷуд омада аст ва лекин пайравони он ғолибан дар Чину Русия ҳастанд ва оё мардуми Амрико ва Аврупо ва ё Чину Русия набояд аз дини масеҳӣ ва ё коммунзм тақлид кунанд ба сабаби бегона будани он?
Ислом мегӯяд, ҳам мард ва ҳам зан бояд иффат ва покдомании хешро ҳифз намоянд.
Муҳаммад
--------------------------------------------------

Салом ба ҳамватанон,
Чӣ хеле, ки мо медонем, давлати мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва инро ҳама қабул доранд. Зеро вақте раиси ҷумҳур рӯзи якуми сентябр бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ кард, як ҷавон ба раис савол дода гуфт, Ҷаноби Олӣ оё давлати мо барои донишҷӯён (духтарон) ягон либосе муайян карда аст? Ҷаноби Олӣ гуфт, давлати мо демократии ҳуқуқбунёд аст ва мо ягон шахсро маҷбур карда наметавонем, ки ин либосро бипӯш ва онро напӯш.
Дар ин ҷо савол меояд, ки чаро Тоҷикистон барои он сарбараҳнаҳо ва белибосҳо давлати демократӣ ҳисоб мешавад ва барои духтароне, ки либоси бибиву модарҳояшонро мепӯшанд, дар ин ҳол аз раиси ҷумҳур сар карда то вазирҳо ва устодон мегӯянд, ин либоси миллии мо нест ва ин ба қонунҳои давлати мо рост намегирад.
Ва агар мо бубинем, он духтарҳое, ки бо либоси исломӣ ҳастанд, сад бор аз дигарҳояшон пешқадам ва аълохон ҳастанд. Ва низ набояд фаромӯш кард, ки он духтарҳое, ки дар назди бозори Саховат ва назди бозорчаи Дӯстӣ шабу рӯз тани худро ба даҳ сомонӣ мефурӯшанд ва ин ҳам дурӣ аз Ислом ҳаст.
Салмон
-------------------------------------------------------

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!!!
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ, биёед моҳияти масъаларо аз диди ғараз набинем. Ман сад андар сад тарафдори гуфтаҳои Президентам, новобаста аз он, ки назари ман ба роҳбарии Президент оппозитсионӣ аст. Биёед бубинем, Президент доштани мошин ва телефони мобилиро барои ягон кас манъ накардааст, он кас гуфтанд ки ин чизҳоро донишҷӯён ва талабагони макотиби миёна дар ҳудуди макотиби олӣ ва мактабҳои миёна истифода набаранд. Чунки телефони мобилии донишҷӯён ва талабагони макотиби миёна ба рафти дарс халал мерасонанд, онҳоро, вақте ки ба ҳудуди мактаб ё макотиби олӣ ворид шуданд бояд хомӯш кунанд ва худнамоӣ накунанд. Дар мавриди мошинаҳои сабукрав инро ман гуфтаниам, ки донишҷӯ ё талабае ки мошинсавор ба мактаб мебиёяд вай на дарсро мехонаду на ба дарс рағбат дорад. Ман тарафдори он мебошам, ки барои талабаи мактаби миёна ва донишҷӯ бо мошин ба ҳудуди мактабу макотиби олӣ ворид шудан қонунан манъ шавад.
Лекин вазирону дастандаркорони Президент, агар вай гӯяд салла биёред, вайҳо барои хушомад тайёранд калларо канда биёранд. Ана ин аст моҳияти масъала
СОИБСАРО
----------------------------------------------------------------

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон,
Ман фикр мекунам, ки боздошт шудани наврасон дар намози ҷумъа, баста шудани масҷидҳо дар Душанбе ва мамнӯъ шудани ҳиҷоб дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ин тасодуф набуда балки ин як сиёсати пешгирифтаи зидди динии раҳбарияти ҷумҳурӣ аст, онҳо агарчӣ даъвои демократия мекунанд кунанд ҳам лекин мо медонем, ки раҳбарияти ҷумҳурӣ ҳамонҳоеанд, ки солҳо дар атеизми Шӯравӣ зистаанд ва баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ барои фиреби мардум ва Ғарм либоси демократ дар бар кардаанд.
Бо эҳтиром, Кӯлобӣ
-----------------------------------------------------------------

Салом, ба фикри ман, ин поймол кардани ҳуқуқи духтарҳои мусалмон мебошад, зеро ки ин либос эронӣ ҳам несту арабӣ ҳам, ин либоси мусалмонӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, аз ин фаҳмида мешавад, ки манъ кардани ҳиҷоб мухолифи қонун мебошад. Ҳиҷоб ҳаққи ҳар як духтари мусалмон мебошад ва ҳамон сардороне, ки ҳиҷобро мехоҳанд манъ кунанд, магар мусалмон нестанд?
Ҳиҷоб фарзест, ки Худои Таъоло бар духтарҳои мусалмон амр кардааст, чӣ гуна инро манъ мекунанд? Барои чӣ раиси ҷумҳур ба ин масъала аҳамият намедиҳанд, онҳо гуфта буданд, ки алҳамдулиллоҳ мо мусалмон ҳастем, чаро либоси аврупоиро манъ намекунанд? Аз ин фаҳмида мешавад, ки мақсади онҳо либоси миллӣ нест.
Қорӣ Исломиддин
---------------------------------------------------------------

Бо ному ёди Аллоҳ. Хидмати хонандагони азизу гиромӣ.
Фалсафаи ҳукми ҳиҷоб ва фоидаи бузурги он ҳифозат намудани гавҳари иффату покдоманӣ ва арзиш додан бар шахсияти зан мебошад. Ҳиҷоб - ҳадяи Илоҳӣ, дастури зебову арзандаи Исломӣ, итоати Худову Расул, пардаи ҳаё, гавҳари иффату покдоманӣ, зебу зизнат, ҳифзи иззату обрӯ, ҳусну ҷамоли занон мебошад. Пӯшидани ҳиҷоб тадбирест барои наҷот ёфтан аз фасоду фитнаҳову расвоии ҷомеа мебошад.
Ҳиҷоб - тақвову парҳезкорист: "ЭЙ ФАРЗАНДОНИ ОДАМ! МО ЛИБОСЕРО БАРОИ ШУМО ОФАРИДЕМ, КИ ҲАМ АВРАТ (АЪЗОИ БАДАНИ) ШУМОРО МЕПӮШОНАД ВА ҲАМ САБАБИ ҲУСНУ ҶАМОЛУ ЗЕБОИИ ШУМО МЕГАРДАД."(СУРАИ АЪРОФ, ОЯИ 26)
Ҳиҷоб - нишони имондории зан аст. Оре! Ҳиҷоб ҳаргиз асорат нест, балки иззату шарофату саодат аст.
Муҳаммад
---------------------------------------------------------

Салом ба халқи Тоҷикистон. Ҳиҷоб як лутфи Худованд аст, ки барои модару хоҳару апаҳои мо бахш кардааст. Ва қадри сатрро танҳо мӯъминаҳо мефаҳманд, қадри чашмро нобино ва қадри обро одами ташна мефаҳмад. Баъзе аз вазирҳои мо фикр мекунанд, ки як умр сардорӣ мекунанд, вале ояти «илайҳил масир»-ро намедонанд, яъне, ки бозгашт боз ба сӯи Худованд аст ва ба ин фатвои додаашон ҳисоб хоҳанд дод. Аллоҳ амр кард, ки ҳиҷоб пӯшидани занон фарз ҳаст. Шарт нест, ки ҳамон куртаву эзори солҳои қадимро пӯшанд, шим ва куртаҳои ҳозиразамон пӯшанд.
Як чизро хотиррасон карданиям, ки ҳоло дар ин замони фасод ягон писарҷавон ба сӯи духтари сатрпӯш гапҳои нохуш намегӯяд, танҳо ҳамон духтарҳои беҳиҷобро нороҳат мекунанд. Парвардигор онҳоро ҳидоят кунад.
Ҷовидон,
--------------------------------------------------------

Ба иттилои нависанда " Анор " расонданиям, ки агар мазҳаб монеаи рушди ягон давлат мешуд, Эрон ба ин дараҷа намерасид ва бояд қабл аз навиштан фикр кард...
Аз масъулин хоҳиш мекунам, ки ин номаро ақаллан ба нависанда расонанд.
Бо эҳтиром, Шариф.
---------------------------------------------------------

Салом ба ҳама!
Аввалан, одами динӣ нестам, ҳарчанд мусалмонам, шукр. Ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамонҳое, ки бо ҳиҷоб дар кӯчаву дарс мераванд, аз ҳамон духтарҳое, ки тамоми баданашонро дар берун, ба қавле реклама мекунанд, ҳазорҳо маротиба беҳтаранд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам динӣ, ҳам ахлоқӣ, ҳам илмӣ, ҳаматарафа.
Дуввум ин ки мо дар асри 21, дар давлати демократӣ умр ба сар мебарем. Ман шахсан намехоҳам, хоҳару завҷаи ман бо чунин либосе, ки бачаҳо ба ӯ гап партоянду "sexy girl" гӯянд, намехоҳам. Агар касе мехоҳҳд, зану духтарҳои худро ба чунин либос сардорӣ кунад, на завҷаи маро, ки ҳанӯз донишҷӯ ҳаст ва ман ҳамчун шавҳар ба ӯ тавсия (маҷбур не) медиҳам, ки чӣ гуна либос пӯшад, шумо не.
Бо эҳтиром, истифодабарандаи Озодӣ
--------------------------------------------------------------

Салом ба ҳама ҳамватанон, Ман фақат фикри худамро баён карданӣ ҳастам, ки онҳое, ки ба ҳамин кор даст задаанд, онҳо агар парокандашавии халқи тоҷик ва ҷанҷолро хоҳон бошанд, ба ҳамин кор даст зананд. Чӣ, магар раисони мо ҷангҳои гузаштаро фаромӯш кардаанд? Дар ин бора сухан кардан зиёду мухтасари фикри ман ин ки раисони мо ояндаи тоҷиконро фикр кунанд.
Бо эҳтиром, Умар
--------------------------------------------------------------------

Саломи бепоён ба ҳама,
Созмони Милал аз қонуни ба номи Ҳуқуқи Башар истифода мекунад, ки моддаи аввали он мегӯяд, «Инсон озод ба дунё меояд ва сарфи назар аз нажод, миллат, фарҳанг, забон, ранги пӯст, дин, мазҳаб озод аст.»
Ва ин сухан дақиқан гуфтаи халифаи аввали Ислом, Абӯбакр Сиддиқ мебошад ва ин бояд боиси ифтихори мо бошад, ки пайрави динеянд, ки чунин бузургонро парвариш додааст ва суханонашон дар моддаи аввали ҳуқуқи башар, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон онро қабул кардаанд, истифода мешавад.
Ва моддаи шаши Қонуни асосии ҶТ ҳам дақиқан ҳамин суханонро гуфтааст, ин худ муҳкамтарин далел барои ихтиёр доштани занони тоҷик дар бораи ҳиҷоб аст.
Бубинед, либоси миллии мо чӣ аст, куртаи занонаи домандор ё ҳамон дароз ва рӯмолак, агар таваҷҷӯҳ кунем ин либоси миллии мо бештар ба либоси исломӣ монанд аст то либоси аврупоӣ ва агар мо ба таърихи ин либос нигоҳ кунем, мебинем, ки аз либоси исломӣ сарчашма гирифта аст ва бар асари таҳоҷуми фарҳангӣ солҳо каме тағйир дидааст,
Агар мо фикр кунем, мебинем, ки тамоми динҳои дунё, чӣ ислом, чӣ масеҳӣ, чӣ буддоӣ, чӣ яҳудӣ мақсад ва ҳадафашон ин аст, ки инсон фаъол, илмомӯз ва боахлоқ бошад.
Ва дар охир ман аз донишҷӯдухтарони тоҷик мехоҳам, ки дар ақидаи худ побарҷо бошанд ва аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.
Толиб Мирзоев, донишҷӯи иқтисод
--------------------------------------------------------------------------

Аз ин набояд проблемаи калон сохт. Пӯшидани ҳиҷоб барои духтарони тоҷик ин ихтиёрӣ бояд бошад. Ман тарафдори онам, ки онҳо бештар либосҳои миллиро ба бар кунанд. Мисли давраи Шӯравӣ, ки духтарон ба таҳсил ва кор бо рӯймол, куртаи тоҷикӣ ва поҷома мерафтанд. Магар ин бад буд? Имрӯз ба бар кардани ҳиҷоб ин ба хотири эҳтироми дини ислом нест. Ин танҳо худнамоии баъзе аз занону духтарони мост.

Ҷамол,
Маскав

-------------------------------------
Ба фикри ман асоси фарҳанги сиёсии моро бояд фарҳанги миллии мо ташкил кунад. Духтарон бояд на аз рӯи фарҳанги исломӣ (ҳиҷоб) либос пӯшанд ва на аз рӯи фарҳанги аврупоӣ (нимурён), балки аз рӯи фарҳанги миллии мо либос пӯшанд, яъне либоси миллӣ.

Даврон
--------------------------------------
Дуруд ба ҳама!
Ба фикри ман, Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ) мероси худро ба Раҳмон ва Кампани гузошта. Дирӯз манъи телефону мошин, имрӯз манъи либос, фардо чи чизе моро интизор бошад? Ман шахсан худро одами диндор намеҳисобам. Вале ин ба ман ҳуқуқи онро намедиҳад ки одамони диндору аз ман фарқмекардагиро бад бинам ё ба онҳо фикру ақидаи худро бор кунам.Биёед набошад миниюбкаву топику пирсингу татуировкаро низ манъ кунем....
Беҳтар мебуд макомот дар бораи пеш бурдани иқтисоди Тоҷикистон ва аз фақру нодорӣ баромадани тоҷикистониён фикр мекарданд.
Ин аама нишон медиаад ки мо, тоҷикистониён, бояд бештар ба сиёсат рӯ орем. Дониши сиёсии худро ривоҷ диҳем ва нагузорем ки дар мақомоти Тоҷикистон нафароне ки ингуна қарорҳои масхараомез мебароранд кор кунанд.. Аз ИНҲО чизи дигаре умед кардан худ ..намедонам чи тавр гуём ... мягко говоря, хатост...

ТОҶИК (аз Маскав)
--------------------------------------
Сабаби асосӣ дар он аст, ки давлатдор барои пешгирӣ намудани афзоиши табақаи одамони дигарфикр (яъне хамфикр набудан бо сиёсати давлат) ин гуна сиёсатро пеш мегирад. Зеро, ки омадани донишҷӯ ба мактаб ё донишгоҳ бо ҳиҷоб халале ба низоми дарсомузӣ намедиҳад, аммо таҳлука ба ситема дорад.

Инро низ қайд карданиам, ки ивази либос ба дигар намудани ақли инсон ва фаҳмиши он ҳеч як алоқае надорад. Инро чун ҳамлаи ИМА ба Ироқ ташбеҳ додан мумкин. Зеро, ки ИМА бо баҳонаи "Ироқ силоҳи ҳастаӣ месозад" сиёсаташро дар миёни ҷомеаи байналмиллалӣ қонунӣ гардонд.

Дар Туркия чунин сиёсат пеш бурда шуд ва донишҷӯдухтаракон барои хориҷ нашудан аз донишгоҳ болои ҳиҷобашон "парик" мепӯшиданд.

Бо эҳтиром,
Сангимуроди Алӣ
--------------------------------------
Ростӣ, намедонам чӣ эҳсосоте маро фаро гирифтааст. Рафтори ҳукумату вазиронашро дида дилам меларзад. Ман худ бевосита шоҳиди он будам, ки дар факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ ҷаноби вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов духтареро, ки дар бар либоси исломӣ дошт мазаммат мекард. Дар ҳоле, ки атрофи мӯҳтарам вазирро духтароне печонида буданд, ки аксар сарулибоси аврупоӣ доштанд.
Ин манзара аз ҷониби донишҷӯе дар шумораи охирини “Миллат” хеле хуб инъикос ёфтааст.
Мақсади ман он нест, ки ҷаноби вазирро таҳқир кунам. Вале то ҷое ки бо чашмони худ дидам, ҷанобашон фарсахҳо аз маданият дур будаанд. Ва “мазҳака”-е, ки бо духтари сатрпӯш дар журфак ба маърази тамошо гузоштанд, то чи андоза марди фарҳангӣ будани эшонро муайян намуд.
Ногуфта намонад, ки духтарони бо сатр ба дарс меомада, даҳҳо баробар бештар аз духтарони нимбараҳна дар дарсҳо иштирок менамуда фаъолтаранд. Инчунин одобашан низ боиси дастгирист.
Ҷаноби Раҳмонуф бо ин амали "хайр"-ашон ба миллат чӣ фоидае меоварда бошанд? Дар ҳоле ки аксарияти донишҷӯён бесаводи бесаводанд, муаллимонамон бошанд, агар конспекти "бобоӣ"-ашонро аз даст гузоранд, мурғи беболу пар мегарданд. Ё магар чашмони вазирбобо ин ҳамаро нодида мегирад?

Bahman
--------------------------------------
Салому алайкум, ман Фаридун Раҳматов, донишҷӯ дар Ҷумҳурии Мисри Араб ман ба сухани Абдуҷаббор Раҳмонов гуфтаниям, ки хеле одамон хостанд, нури исломро хомӯш кунанд, лекин мо як худое дорем ки нигаҳбон ба дини мубини худ аст.
Фаридун Раҳматов
---------------------------------------
Пӯшиши либос сад дарсад ба завк ва кариҳаи шахс вобастааст ва дахолат дар он кори шоиста нест. Аммо ин ҳам урф аст, ки дар ҳамаи мадорис ва донишгоҳои ҷаҳон нурм ва ахлоки вижае дар заминаи либос ҳам дар мавриди мардон ва ҳам дар мавриди занон роиҷ аст, масалан дар донишгоҳҳои Урупо низ донишҷӯён ҳақ надоранд бо зару зевар ва ороишҳое назири пирсингу гушворҳои бузургу барҷаста ба дарсҳо ҳозир шаванд, порсол як корманди китобхонаи Уксфурд ба додгоҳ шикоят бурд, ки мудирони китобхона иҷоза надодаанд вай ба вазифаҳои болотаре даст ёбад, зеро ӯ пӯшиши "ғайриъодӣ" доштааст. Додгоҳ ба суди китобхона ҳукм баровард ва ин корманд забун шуд.

Ба назари ман, дар мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон низ бояд урфи вижаи либос ва пӯшиш роиҷ шавад, вале дар ин кор бояд аз ифрот ё тафрит худдорӣ кард. Наметавон мисли замони Шӯравӣ яксара сиёҳ-сафед пӯшид, ё чунончи қабл аз ин ҳам вазири маъориф донишҷӯёнро маҷбур карда, ки ҳатман бо костюм ва галстук биёянд, ин дарвоқеъ масхарабозӣ буд.

Инглисҳо дар мавриди либосе, ки бояд дар донишгоҳ бипӯшанд, калимаи "modest"-ро ба кор мебаранд, ба маънии мӯътадил ва фурӯтан ва боҳаё. Ҳамин тур бояд тавре либос пӯшид, ки зиёд ҷаззоб ва хиракунанда набошад, ҳар ранге ва қолабе бошад, фарқ намекунад, баръакс пӯшидани костюм ва галстук дар миёни донишомӯзон ғалат ва тақлиди кӯркӯрона аст, дар Ғарб, ки меҳани костюм ва галстук аст, касе дар пӯшидани он ба ин андоза ифрот намекунад.

Дигар ин ки барои либоспӯшӣ ҳеч гуна қонун ё фармони вазир даркор нест, ҳар донишгоҳе бояд урфи худро дошта бошад, он ба шеваи демукротик миёни ҳайъати кормандон ё устодони донишгоҳ бояд ба тасвиб бирасад. Қонун сохтан барои ҳар кори кӯчаку ночиз масхаракорист.

Дар мавриди ҳиҷоб ва нимбараҳнапӯшӣ, дарвоқеъ агар ҳиҷоб ранги сиёҳ ва тира дошта бошад, зананда ва зишт аст ва ҷуз ба маънии таблиғи сиёсатҳои ифротгароёна нест. Чунин ҳиҷобе дарвоқеъ бо миллати мо бегона аст, зеро дар фарҳанги тоҷикон ранги тира ва сиёҳ ба маънии азо ва сӯгворӣ ва бадбахтист ва модарони мо ҳатто дар замони азои сахт чунин рангҳоро ба бар намекарданд ва намекунанд.

Бараҳнагӣ ҳам дар амокини умумӣ ба андозае, ки берун аз ахлоқ бошад, ҷоиз нест ва албатта, маъонии бад ба ҳамроҳ дорад. Бахусус бараҳнагии гардану пешпистони занони тоҷик бо либоси ба истилоҳ "миллӣ" бағоят зишт аст.

Вале ҳиҷобпушӣ ва нимбараҳнагӣ, агар сода ва самими ва бидуни олудагиҳои сиёсию ахлоқӣ бошад, ҳарду низ сазовори таҳсин аст. Аммо вазири маориф набояд ҳардуи инҳоро мамнӯъ кунад ва ба ҷойи онҳо, масалан, куртаҳои рангоранги тоҷикӣ роиҷ кунад, зеро ин куртаҳои рангоранги кимхову атласу ашки фалону сиришки бисмадон бағоят зишттар аз ҳиҷоби тира ва нимбараҳнагии бемаънӣ аст. Бархе ба ғалат ингуна либоси рангорангро "миллӣ" ва "тоҷикӣ" қаламдод мекунанд, ки дурӯғ ва бо фарҳанги мо носозгор аст. Масалан, бибӣ ва момоҳои мо ингуна либоси пурзарқу барқ ва рангорангро ҳаргиз ба тан накардаанд.

Саъдӣ гӯяд:
Тани одами шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият...

Фаромарз
------------------------------------
Ба фикри мо, инсонҳо бояд дар интихоби сарулибоси худ то ҳадди аксар озод бошанд. Чаро масалан, либосҳои аврупоӣ ва нимбараҳнагӣ эътирози ягон мақоми давлатӣ ё сарварони донишгоҳҳоро ба вуҷд намеораду ин пӯшише ки ба гузаштаи миллӣ мо наздикӣ дорад, сабаби чунин ҷанҷолҳо шудааст. Магар раҳбари ҷумҳурӣ, вазири маъориф, ректорҳо ва омӯзгорон кори дигар надоранд?

Мо дар яке аз донишгоҳҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил мекунем. Дар ин кишвари абарқудрати ҷаҳон ягон президент, вазир, ректор ё муаллим коре надорад, ки ту чӣ хел либос мепӯшӣ, телефони ҳамроҳ ё мошини сабкурав дорӣ. Агар вазир ҳам биёяд, ба он таваҷҷӯҳ мекунад, ки донишомӯзии мо чӣ хел аст.

Мақомоти Тоҷикистон фикр намекунанд, ки худро дар саҳнаи ҷаҳон ба масхарабозон табдил медиҳанд?

Гурӯҳи донишҷӯёни
дур аз ватан

--------------------------------------
Монъеаҳои рушди ҷамъият мазҳаб аст!

Бо эҳтиром
Анор
--------------------------------------
Ба номи Худо
Дар масъалаи ҳиҷоб дар ҷаҳон гуфтугӯҳои зиёде шудааст ва ҳамеша як идда мувофиқи ҳиҷоб ва иддаи дигар мухолифи он ҳастанд. Ин чо мушаххас аст, ки низоъ байни мусалмонҳо ва ғайримусалмонҳост. Дар масъалаи ҳиҷоб наравем суроғи Қуръону аҳодис фақат ақли солими худро суол кунем, ки оё зан ҳиҷоб кунад ё на? Ақли солим ба ин масъала посухи мусбат медиҳад. Аз тарафи дигар, мо мушоҳида мекунем, дар ҷомеаи худамон занҳои беҳичобро, ки дар як нороҳатӣ қарор гирифтаанд ва нигарон ҳастанд, дасташро мебарад пешибар боз ягонҷо намоён нашавад, хиҷолат вуҷудашро фаро гирифтааст. Зане, ки дорои ҳиҷоб аст роҳат ҳаст, ҳеч нигаронӣ надорад, худашро дар амн эҳсос мекунад. Суолро метавон таври дигар матраҳ кард ва он ин ки оё шумо розӣ ҳастед, ки пеши бари хонуми шуморо як нафари намаҳрам нигоҳ кунад? Ҳатман ҷавоб манфӣ мешавад.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
--------------------------------------
Ба назари ман бо ин кори худ ҳукумат ҳуқуқи мусулмонҳоро поймол мекунад. Даъватҳои ба низом даровардани тӯйҳо ҳам бо ин мақсад аст, ки аз тӯйҳои исломӣ пешгирӣ кунанд. Агар мақомоти Тоҷикистон ҳамаи мушкилоти дигари кишварро ҳал кардаанду ин қадар вақт доранд, ки ба ин масъалаҳо дахолат мекунанд, пешниҳоди ман ин аст, ки беҳтар аст, фоҳишаҳоро аз бозори "Саховат", сари роҳи Қараболо ва хамгашти сафорати Русия ҷамъоварӣ кунанд, зеро ҳузури онҳо зарба ба номуси миллии мост. Вале намедонам, намояндагони ҳукумат номуси миллиро чӣ хел мефаҳмида бошанд.

Абдураҳим
--------------------------------------
Дар ягон қонуни ҷумҳурӣ ҳиҷоб мамнӯъ эълон нашудааст ва ман ҳайронам, чаро ин масъала ба миён омадааст. Магар сардорони донишгоҳҳо мусулмон нестанд? Ман фикр намекунам, ин либоси арабӣ ё эронӣ бошад, зеро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст.

Аминҷон
--------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG