Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи тарҳи нав дар мавриди пахши барномаҳои BBС


Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Бритониё дар мавриди пахши пахши барномаҳои шабакаи радиои Би Би Си дар Тоҷикистон ва як шабакаи радиои Тоҷикистон дар Бритониёро омода кардааст.


Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 апрел бо эъломи ин хабар гуфт, тарҳи мазкур феълан дар садади мувофиқа бо мақомоти масъули Тоҷикистон қарор дорад.


Оқои Раҳмонов гуфт, ин тарҳи созишнома ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд ва дар сурати тасдиқ ба ҳукумати Бритониё пешниҳод мешавад.


Оқои Раҳмонов гуфт, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон имкон дорад, 12 соат барномаҳои шабакаҳои мухталифи радиои давлатии Тоҷикистонро бо забонҳои форсӣ, дарӣ ва англисӣ дар соатҳои муайяне, ки радиои БиБиСи дар Тоҷикистон пахш шавад, дар Бритониё рӯи мавҷ барорад.
XS
SM
MD
LG