Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳориба бар сари об дар Хоруғ


Мутахассисони идораи оби шаҳр барои истифодаи об дар семоҳаи аввал аз масъулини қисми низомӣ 19 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Аммо сардори қисми марзбонӣ Аслам Назаров дар вокуниш ба болоравии нархи истифодаи об изҳор доштааст, ки дар чунин ҳолат вай таъмини сарбозону афсарони қисмро бо оби газнокшуда авлотар мешуморад.

Сармуҳосиби идораи оби шаҳр Бибӣ Мамадризохонова гуфт, дар ҷавоб хатти оби ошомиданиро бастанд. Аммо сарбозони қисм дар паи ин амал шабона вориди ҳавзи танзими об воқеъ дар ҳудуди қисми марзбонӣ шуда обро аз нав кушоданд. Мутахассисони идораи об ин дафъа усули дигари қатъи интиқоли обро ба кор бурданд. Дар ҳавзи танзими оби марказӣ, ки берун аз ҳудуди қисм ҷой гирифтааст, роҳи об ба сӯи қисми марзбонӣ баста шуд. Аз сӯи дигар, ашхоси номаълум шабона дар дохили қисми марзбонӣ таҷҳизоти ҳисобкунаки обро зада шикастанд ва мутахассисони идораи об оид ба аъмоли ғайриқонунии дар дохили қисм ба вуқӯъ пайваста ба додситонӣ муроҷиат карданд.

Ахиран, бо дахолати мақомоти шаҳрдорӣ интиқоли об ба қисми марзбонӣ аз сар гирифта шудааст. Аммо мутахассисони идораи об мақомоти шаҳриро бо сӯиистифода аз ваколат муттаҳам карда мегӯянд, ки қариб нисфи шаҳрро дар бар мегирад ва дар сурати саркашӣ аз пардохти ҳаққи истифодаи об тибқи ҳисобкунаки оби онҳо интиқоли обро ба қисми марзбонӣ аз нав қатъ хоҳанд кард.

Сардори қисми марзбонӣ изҳор медорад, ки вазорат барои пардохти ҳаққи истифодаи об дар ҳар се мох як ҳазор сомониро раво дидааст ва онҳо имконияти бештари молиро дар ихтиёр надоранд. Дар ҳамин ҳол, қарздории муассисаҳои бӯҷавӣ дар назди идораи об зиёда аз 52, ширкатҳои хусусӣ 14 ва аҳолӣ зиёда аз 20 ҳазор сомониро ташкил додааст. Баҳсҳо байни идораи оби шаҳр ва идораву муассисаҳо бар сари наҳваи пардохти ҳаққи истифодаи об дар ҳоле идома дорад, ки бештари таҷҳизоти обкашии маркази устон зиёда аз 40-сол боз таъмиру тармим нашудааст. Дар ҳамин ҳол, корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналии Тоҷикистон аз марказ барои эҳтиёҷоти идораи оби Хоруғ як дастгоҳи обкашии ғайриқобили истифода, вале рангубордодашударо интиқол дода аммо масъулини идораи об аз қабули он саркашӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG