Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳиба ба забони аварӣ


Муртазалӣ Дугричилов Гуфтугӯе бо сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов

"Агар донам, ки фардо забони модарии ман мемирад, ман имрӯз хоҳам мурд."
Расул писари Ҳамзат аз деҳаи Тсаъда

Чанде пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов узви фахрии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон эълон гардид. Чунин ифтихор ба ҳеч яке аз сафирони Амрико дар Тоҷикистон муяссар нагаштааст. Вале ба сафирони пешинаи Русия низ ин унвон дода нашудааст, ҳатто ба набераи Максим Горкий, ҷаноби Пешков, ки ҳоло дар Вазорати корҳои хориҷии Русия мақоми муҳимеро ишғол мекунад.

Вале Абдулатифов барои тоҷикон шояд каси дигар бошад, ёдгоре аз Расул Ҳамзатов, шоъири авар ва дӯсти бузурги Тоҷикистон. Китоби машҳури ӯ "Доғистони ман" такондиҳандаи афкори чандин насли тоҷикон будааст. Мегуфтанд ва менавиштанд, ки ин достони сарнавишти сахти мардуми Доғистон аз бисёр ҷиҳат зиндагии мардуми Тоҷикистонро ёдовар мешавад.

Аз сӯи дигар Рамазон Абдулатифов бо бисёре аз мансабдорони давлати Тоҷикистон аз солҳои пеш дӯсту ошно будааст ва талош мекунад, пайвандҳои шахсияшро дар ҳалли мушкилоти Тоҷикистон ба кор андозад. Чунончи, ахиран гуфтааст, бо корбасти чунин пайвандҳо мехоҳад, роҳи ҳавоии Душанбе--Тошкандро боз кунад. Аммо аз чӣ бошад, нуфузи шахси ӯ то ҳол дар вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳбуд наовардааст.

Абдулатифов дар нишастҳои хабарӣ дар Душанбе ба русӣ сӯҳбат мекунад. Вале ин бор бо мадади ҳамкорам дар бахши Қафқози Шимолии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Муртазалӣ Дугричилов бо ҷаноби сафир ба забони аварӣ сӯҳбат кардем. Суоли аввал -- назари ӯ ба Тоҷикистон ва мардуми тоҷик.

"Кишваре ки ман дар он ба ҳайси сафир кор мекунам, кишвари ҳамватанони собиқ аст, ки ҳоло мехоҳанд, давлати худро бунёд кунанд. Онҳо як ҷанги бераҳмона ва маҳрумиятҳои зиёдеро аз сар гузаронданд ва ҳоло дар Тоҷикистон ҳама кори мумкин ба он равона шудааст, ки кишвар эҳё гардад. Муносибати онҳо ба Русия ва халқҳои Русия хуб аст. Он чи ба ман бастагӣ дорад, ман тамоми кореро, ки дар тавони ман аст, мекунам, то равобит миёни мардумони мо ба манфиатҳои ҳарду ҷониб қавитар шавад, то бештару бештар ҳамдигарро биомӯзему бифаҳмем, ҳамдигарро фаромӯш накунем ва дар лаҳазоти зарурӣ ба кӯмаки ҳамдигар бирасем. Бигзор ин як кишвари кӯчак бошад, аммо дар лаҳазоти сарнавиштсоз аз ҷониби он ба Русия ҳеч бадие сар нахоҳад зад. Ин як минтақаи бисёр пурмасъулият аст. Аз як сӯ Афғонистон, аз сӯи дигар Чин ва дуртар Покистону Ҳинд..."

Ин тафоҳум ва ҳусни нийят ки мегӯяд, оё чи намунаҳое дорад?

"Масалан Мирзо Турсунзода ва Расул Ғамзатов ҳамовард ва дӯсти ҳам буданд. Расул Ғамзатов ду дафъа дар Тоҷикистон буд ва то имрӯз бисёриҳо ӯро дар ин ҷо ёд мекунанд, ашъорашро мехонанд. Ба ибороти дигар -- ин халқи мост!"

Шумо солҳост, берун аз Доғистон кор мекунед, мисли як муҳоҷири ҳамешагӣ. Оё ин дурӣ аз ватан сангин нест?

"Сарнавишт моро ба ҳар куҷо ки биандозад, бояд бе хастагӣ кор кунем. Рӯҳи мо набояд биафтад, балки бояд такягоҳи мо бошад. Ҳам барои мо, ҳам барои онҳое ки дар паҳлуи моянд ва ҳам барои онҳое ки дар паси моянд. Дидгоҳи ман ҳамин аст ва боз мегӯям, барои ҳамеша."

Оё ба фикри Доғистон низ ҳастед?

"Раҳбарони Доғистон аз ҳар сӯ ба ман мегӯянд, ту нигарон набош, мо худ ҳама корро мекунем, ту беҳтар аст, дар ҳоли ҳозир дар канор бошӣ. Вале ин ватани ман аст, зодгоҳи ман аст ва ман наметавонам нигарон набошам. Рӯзе нест, ки фикрашро накунам. Ахиран раиси ҷумҳури нави Доғистон таъин шуд, ки як шахси шинохташуда аст. Вай одобу суннати мардум ва забони авариро медонад. Ҳамзамон ман бовар дорам, ки аз ӯ ба кишвар манфиат хоҳад расид. Ман ба ӯ гуфтам, ҳар вақте аз ман коре сохта буд, омодаам, дар паҳлуяш қарор бигирам. Ба андешаи ман, моро дар Доғистон кори зиёде дар пеш аст. Ахлоқу одобе ки тайи садсолаҳо шакл гирифта буд, дар як даҳа тағйир кард. Ҷомеа дигар шуд. Сарвате ки кас наметавонист, дар садсолаҳо ҷамъ оварад, дар як шаб ба китфи афроде нишаст, ки заҳматашро накашидаанд. Ҳарҷу марҷе ҳаст, ки бояд ба як низом оварда шавад ва ин вазифаест, ки танҳо ба президент дахл надорад."

Бо ангушт задан ба ин ҷумлаи сабз метавонед мусоҳибаи моро бо сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов, бо забони аварӣ ва баргардони тоҷикӣ бишнавед.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG