Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро қирғизҳо боз ба майдон рехтанд?


Тазоҳуроти Бишкекро ду гурӯҳи асосии оппозисюн ташкил кардаанд. Яке -- Ҷабҳаи Муттаҳидаи Ояндаи Беҳтари Қирғизистон ва дигаре -- Ҷумбиши Ислоҳот. Дар ҳарду эътилоф бархе аз инқилобгарони соли 2005, вакилон ва мансабдорони собиқи ҳукумат ва тарафдорони онҳо гирд омадаанд. Ҷабҳаи Муттаҳидаро сарвазири пешин Феликс Қулов ва Ҷумбиши Ислоҳотро сарони 8 ҳизбу созмон раҳбарӣ мекунанд.

Бӯҳрони феълии Қирғизистон аз рӯйдодҳои моҳи марти соли 2005 маншаъ мегирад. Бо эътироз аз интихоботи, зоҳиран фиребкорона, тарафдорони номзадҳои мухолиф ва мустақил рӯзи 24-уми марти соли 2005 ба майдонҳо рехтанд. Хашму ғазаби онҳо сабаби фирори президент Аскар Оқоев ба Русия гардид. Сарвазири собиқ Қурманбек Боқиев, ки акнун ба раҳбари иттиҳоди "Нирӯи мардум" табдил ёфта буд, иҷрои салоҳиятҳои президентро бар дӯш гирифт ва номзади собиқи раёсатҷумҳурӣ -- Феликс Қуловро аз маҳбас озод кард. Интихоботи моҳи июли соли 2005 Боқиевро президенти кишвар кард ва Қулов дар ҳукумати вай вазифаи нахуствазирро бар ӯҳда гирифт.

Дар маъракаҳои интихобот ва баъд аз онҳо, Боқиев ваъда дод, бо ислоҳоти куллӣ мероси Оқоевро аз байн мебарад. Аз ҷумла бо таъмини баробарии шохаҳои қудрат, хешутаборбозӣ ва фасоду ришватро решакан, иқтисодиётро ҷоннок ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мекунад.

Вале дар амал вазъият бетағйир монд. Яккаҳокимиятии президент, ки сар аз соли 1993, бо кӯшишҳои Аскар Оқоев ҷой афтода буд, идома кард. Боқиев дар чанд изҳорот зарурати ислоҳи вазъ ва додани салоҳияти бештар ба порлумонро зери суол бурд. Ба мансабдорони давлат ва соҳибкорони муваффақ табдил ёфтани хешу наздикони президент Боқиев шиъорҳои ӯро дар мубориза бо фасод беқадр карданд.

Танҳо таҳти фишори тазоҳуроти ташкилкардаи Ҷумбиши Ислоҳот дар моҳи ноябри соли 2006 Боқиев ва тарафдоронаш маҷбур шуданд, бо шитобзадагӣ тарҳи нави қонуни асосиро омода кунанд. Як моҳ баъди қабули тарҳ, тибқи қонун ҳукумати сарвазир Қулов ба истеъфо рафт ва дар ин байн порлумони тарафдори Боқиев ба қонуни асосӣ тағйироте ворид кард, ки яккаҳокимиятии президентро эҳё намуданд. Оппозисюн инро ваъдахилофӣ номид ва аз нав даст ба тазоҳурот зад.

Дар моҳи январи соли равон Боқиев ду дафъа номзадии Қуловро ба мақоми сарвазир пешниҳод кард, аммо порлумон Қуловро напазируфт. 29-уми январ Азим Исобеков сарвазири Қирғизистон таъин гашт.

Дар нимаҳои моҳи феврал Қулов аз таъсиси Ҷабҳаи Муттаҳидаи оппозисюн хабар дод ва гуфт, тарафдорони ӯ истеъфои Боқиев ва интихоботи зудраси президентро талаб мекунанд. Созмони нав ба зудӣ бо Ҷумбиши Ислоҳот забони муштарак пайдо кард.

Ақибнишинии навбатии Боқиев бо таъини сарвазир аз мухолифон -- Алмос Атамбеков, узви ҳайъати раъисаи Ҷумбиши Ислоҳот ва изҳори омодагӣ ба гуфтушунид бо оппозисюн натиҷа надоданд.
XS
SM
MD
LG