Пайвандҳои дастрасӣ

Бозорҳои Русия дар даҳ рӯзи аввали апрел


Дар ҳоле, ки раиси идораи хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон генерал Рамазон Раҳимов дар суҳбат бо оҷонсии иттиллооти Регнуми Русия гуфтааст, тартиби нави кор дар бозорҳои федератсияи Русия ба вазъи муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъсире нахоҳад дошт, Сироҷиддин, ҳамоҳангсози ҷамъияти тоҷикони муқими Санкт-Петербург мегӯяд, тартиби нав мушкили муҳоҷиронро дучандон кардааст. Ба гуфтаи Сироҷиддин, аз ҷомеъаи беш аз даҳҳазорнафарии тоҷикони Санкт-Петербург феълан дар бозорҳо ҳудудан даҳ дар сад боқӣ мондаанд. Як иддаи каме ки шаҳрвандӣ доранд, метавонад моли худро дар бозор озод бифурӯшад , аммо онҳое ки танҳо иҷозатномаи кор доранд, ноилоҷ бояд барои фурӯшандагӣ бо нархи гарон фурӯшандаи таҳҷоӣ бигиранд.

Намояндаи созмони тоҷикон афзуд, ҳамзамон бо ихроҷи муҳоҷирон аз кори бозор ва афзудани бекорию саргардонӣ таъқиби онҳо аз сӯи пулиси Санкт-Петербург афзоиш ёфтааст.

Аммо ҳамсӯҳбати дигари мо аз шаҳри Қазон Комилҷон Абдухолиқов ҳам хабар дод, созмонҳои тоҷикони ҷумҳурии Тотористон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ барои қонунисозии кори муҳоҷирони тоҷик талоши зиёд кардаанд, то тоҷикон ҷойи худро дар бозор ҳифз кардаанд.

Ба гуфтаи Комилҷон, ҳарсола ба шаҳри Қазон то 6 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои кори мавсимӣ меояд ва тайи 4 соли ахир 400 нафар тоҷикистониҳо шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Дар шаҳри Рязан низ аҳвол тақрибан шабеҳи Тотористон аст. Раиси ҷамъияти тоҷикони Рязан Азимҷон Махсумов мегӯяд , то якуми апрел дар бозорҳои Рязан ҳудудан 1.5 ҳазор тоҷикистониҳо кор мекарданд, вале ҳоло шумораи онҳо аз 500 нафар беш нест.

Ба гуфтаи Азимҷон Махсумов, тоҷикони муҳоҷире ки аз кори бозор берун мондаанд, дар садади таҳияи асноди ҳуқуқӣ ҳастанд ва бо дарёфти санад дӯконҳои худро боз хоҳанд кард, зеро дар минтақа бинокорӣ ривоҷ надорад ва мардуми зиёде бекор мондаанд.

Дилшоди Саид, дигар аз муҳоҷирони тоҷик ки чанд соли ахир дар бозори масолеҳи бинокории минтақаи Митиши, воқеъ дар вилояти Маскав кор мекунад, аз бедодии тафтишгарони бозорҳо шикоят кард ва ҳамзамон гирудори мардуми омад дар бозорҳои Русияро ба интихоботҳои анқариби парламони ва президентии Русия рабт дод.

Лозим ба ёдоварист, ки аксари ҳамсӯҳбатони мо ба болорави нарх дар бозорҳо пас аз якуми апрел ишора карданд. Болоравии нарх дар бозору мағозаҳои Маскав ҳам мушоҳида мешавад, ба вижа дар бозори меваву савзаҷот. Ин дар ҳолест, ки раиси хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия Константин Ромодановскй пеш аз 1 апрел эълом карда буд, тартиби нави кори бозор ба нарх таъсире нахоҳад дошт.

Бино ба омори интишордодаи Идораи Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон, аз маҷмӯъи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳру вилояти Маскав то якуми апрел, танҳо дар даҳ дар сад дар бозорҳо кор мекардаанд.
XS
SM
MD
LG