Роҳандозии тазоҳуроти густарда бо тақозои истеъфои раиси ҷумҳурӣ дар майдони марказии пойтахти Қирғизистон, дар маҳофили сиёсӣ ва доираҳои расмии Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст.
Ағлаби соҳибназарони тоҷик бо ишора ба замони баргузории ин гирдиҳамоӣ, талабҳои аслии нерӯҳои мухолифи давлат ва шакли ин тазоҳурот миёни Бишкеки имрӯз ва Душанбеи соли 1992 монандиҳои зиёдеро мушоҳида мекунанд. Ба эътиқоди коршиносон, бо ин вуҷуд, ки руасои ҷумҳурӣ дар Тоҷикистони соли 1992 ва дар Қирғизистон дар ду соли пеш аз роҳи интихоботи умумӣ рӯйи кор омаданд, аммо ба ҳангоми вуқӯи тазоҳуроти мухолифини давлат ҳукуматҳои марказӣ дар баробари музоҳирин нотавон ва заъиф буданд.
Тафсилоти ин хабар зери ин хати сабз ниҳон аст