Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти осоиштаи пулиси Маскав бо муҳоҷирон


мс

Имрӯз, 11 апрел, мақомоти идораи марказии пулиси пойтахти Русия бо роҳбарони созмонҳои миллӣ дидор ва гуфтугӯ анҷом доданд.


Раиси анҷумани созмонҳои тоҷикони муқими Маскав Абдулло Давлатов ба радиои Озодӣ гуфт, ин дидор бо ибтикори идораи марказии пулиси Маскав доир гардид ва дар ҷараёни он аслан масъалаи ҳамкории созмонҳои миллии тоҷикон, арманиҳо, озариҳо ва ғайра бо мақомоти пулиси шаҳр баррасӣ шуд. Раиси анҷумани созмонҳои тоҷикони Маскав гуфт, дар ин мулоқот яке аз мавзӯъҳои аслии баррасӣ бархӯрди пулис бо муҳоҷирон буд ва муовини раиси идораи марказии пулиси Маскав генерал Александр Мелников низ тасдиқ кард, ки бархе аз кормандони пулис дар нақзи ҳуқуқи мардуми муҳоҷир даст доранд.


Мақоми баландпояи идораи марказии шаҳри Маскав эълом кард, ки аз ин ба баъд пулис ҳуқуқи тафтиши асноди муҳоҷирон дар хиёбону бозорҳои шаҳрро надорад. Тафтиши асноди муҳоҷирон акнун кори Хадамоти муҳоҷиратӣ аст. Абдулло Давлатов ҳамчунин хабар дод, ки намояндагони созмонҳои миллии Маскав дар ҷараёни мулоқот мутаъаҳҳид шуданд, ки дар рӯзҳои наздик бо раиси Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия генерал Константин Ромодановскй мулоқот ва мушкилоти тоҷирони муҳоҷир пас аз якуми апрелро баррасӣ намоянд.


Лозим ба ёдоварист, ки мақомоти пулиси Русия солҳои пеш ҳам бо роҳбарони созмонҳои миллӣ чунин нишастҳо баргузор мекард.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG