Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкеки 2007 шабеҳи Душанбеи 1992 аст?


Ағлаби соҳибназарони тоҷик бо ишора ба замони баргузории ин гирдиҳамоӣ, талабҳои аслии нерӯҳои мухолифи давлат ва шакли ин тазоҳурот миёни Бишкеки имрӯз ва Душанбеи соли 1992 монандиҳои зиёдеро мушоҳида мекунанд. Ба эътиқоди коршиносон, бо ин вуҷуд, ки руасои ҷумҳурӣ дар Тоҷикистони соли 1992 ва дар Қирғизистон дар ду соли пеш аз роҳи интихоботи умумӣ рӯйи кор омаданд, аммо ба ҳангоми вуқӯи тазоҳуроти мухолифини давлат ҳукуматҳои марказӣ дар баробари музоҳирин нотавон ва заъиф буданд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ба фарқ аз ҳаводиси оғози солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон, ки мунтаҳо бо ҷанги шаҳрвандӣ хатм шуд, дар Қирғизистон ин бӯҳрон аз роҳи сиёсӣ ҳал хоҳад шуд.

Аммо Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо ишора ба он ки ҳукумати феълии Қирғзистон баъди рӯйи короӣ ҳеҷ таҳаввуле назаррас бар манфиати омма анҷом надод, ислоҳоти қонуни асосӣ ва таҷзияи қудратро миёни шохаҳои ҳокимият бар асоси ваъдаи супоридааш амалӣ накард, барои мухолифини худ роеҳро ба ҷуз аз талаби истеъфояш боқӣ нагузошт.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон мӯътақид аст, ки дар шароити имрӯзи Қирғизистон роҳи асосии халосӣ аз бӯҳрон иҷрои талабҳои неруҳои мухолифи давлат ва эъломи ҳарчи зудтари замони интихобот аст. Дар сурати ғайр ин кишвар мувоҷеҳ ба як вазъи ниҳоят мураккаб ва ногувор хоҳад шуд, ки аз он роҳбарони кишварҳои минтақа бар суди худ истифода хоҳанд кард.

Аммо ба ақидаи Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаводиси ин кишвар шояд битавонад ба вазъи Ӯзбакистон таъсир гузорад, аммо барои Тоҷикистон ин мароҳил тай шудаааст. Аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Шарифов, чунин эҳтимол ҳам дур нахоҳад буд, ки роҳбарони ду тарафи низоъи қирғиз Боқиев ва Қулов бо ҳам муросо кунанд.
XS
SM
MD
LG