Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти муштзанҳои тоҷик аз Тайланд бо панҷ медал


Шералӣ Достиев дар рақобатҳо дар вазни 48 кило мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуд. Маъруф Файзуллоев, ки дар вазни 60 кило дар мақоми дувум қарор гирифт, соҳиби медали нуқра гардид. Се нафари дигар - Баҳодур Каримов дар вазни 57 кило, Шералӣ Маҳмадалиев дар вазни 69 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 81 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Хабари дигар барои мухлисони футбол. Дастаи лигаи олӣ - «ХИМА»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври севуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бар тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 4 бар 1 ғалаба кард.

Дар ин дидор Сӯҳроб Ҳамидов се гол ва Хайрулло Ғайбуллоев як гол ба самар расонданд. Як голи тими «Хуҷанд»-ро Рустам Хоҷаев ба дарвозаи дастаи мизбон ворид сохт.

Шариф Назаров, сармураббии дастаи «ХИМА» ба радиои Озодӣ гуфт: " Вазифаи бошгоҳи мо танҳо ба даст овардани медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мебошад."

Дар айни ҳол тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум, «ХИМА» ва «Энергетик»-и Душанбе бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври чаҳорум рӯзҳои 14-ум ва 15-уми апрел баргузор мешаванд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG