Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбари афғон


Дар пайи анҷоми як иқдоми муваффақи марзбонони тоҷик дар миёни марзи байни Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳи қочоқбари мусаллаҳи афғон бо миқдори 70 килограм маводи мухаддир боздошт шудааст. Хабаргузории ИТАР-ТАСС ба нақл аз дафтари матбуъоти Вазорати амнияти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки амалиёти боздошти гурӯҳи қочоқбари мусаллаҳ дар минтақаи душворгузари кӯҳии Шӯрободи анҷом гирифтааст.


Бино ба навиштаи ИТАР-ТАСС марзшиканонии афғон ҳангоми убур ба хоки Тоҷикистон муқобилат нишон додаанд вале баъдан дар яке аз дараҳои минтақаи кӯҳии Шӯробод ба муҳосираи марзбонони тоҷик афтоданд.
Аз оғози соли равон то кунун дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аз панҷ маврид талоши қочоқбарони мусаллаҳи афғон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ шудааст. Тайи ин муддат гуфта мешавад беш аз 300 килограм маводи мухаддир аз гурӯҳҳои қочоқбар забт ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG