Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи аршади марзбонӣ 15 сол гирифт


Додгоҳи низомии Суғд як тан аз намояндаи аршади мақомоти низомиву марзбонии ноҳияи Ғончиро ба мӯҳлати 15 сол равонаи зиндон намудааст.




Нурулло Давлатов сардори Комендатураи ҳарбии марзбонӣ дар ноҳияи Ғончии минтақаи Суғди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи ҳудуди 10 килограм ҳероин аз ҷониби додгоҳи низомии вилояти Суғд ба 15 соли зиндон ҳамроҳ бо мусодираи амвол маҳкум шуд.



Ин дар ҳолест,ки ҳамчунин дар чанд рузи пеш дар ноҳияи дигари вилояти Суғд- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як автомобили тамғаи «Жигули» наздик ба даҳ килограм ҳероин тавассути кормандони интизомии Суғд дарёфт ва
мусодира шуда, ки ба ду тан шаҳрванди Тоҷикистон - Нуридин Ҳусейнов, сокини ноҳияи Варзоб ва Адулмаҷид Фозилов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доштааст. Шӯьбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии умури дохилаи Суғд гуфтааст, ки нисбати ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG