Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти шибҳинизомиёни серб


Як додгоҳи Сербистон чаҳор тан аз шибҳанизомиёни сербро барои нақши онҳо дар куштори Серебренитса дар соли 1995 аз панҷ то ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Панҷумин муттаҳам ба ин ҷиноятро додгоҳ бегуноҳ донистааст. Ин чаҳор нафар дар як филми видеоӣ шаш марду навҷавони мусулмононро бо зарби гулула мекушанд ва онҳоро ҳангоми намоиши навор дар додгоҳи раиси ҷумҳури собиқи Югославия Слободан Милошевич шиносоӣ кардаанд. Ин нахустин парвандаи марбут ба куштори 8 ҳазор мардону навҷавонони мусулмон аст, ки дар маҳалли Серебренитса, ки таввасути нерӯҳои Созмони Милал муҳофизат мешуд сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG