Пайвандҳои дастрасӣ

Қонунӣ будани фармони Юшченко баррасӣ мешавад


Додгоҳи Қонуни Асосии Укроин баррасии фармони раиси ҷумҳур Виктор Юшченко дар мавриди пароканда кардани порлумонро то рӯзи 17 апрел ба таъхир андохт. Интизор мерафт, ки имрӯз додгоҳ ба баррасии ин фармон мепардозад, ки онро нахуствазири Укроин Виктор Янукович ва тарафдоронаш дар порлумон ғайриқонунӣ хонда ва напазируфтанд. Панҷ узви ҳайати додгоҳи 18 нафарӣ гуфтаанд, ки бинобар эҳсоси фишорҳои сиёсӣ дар ҷараёни баррасии фармони Виктор Юшченко ширкат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG