Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Васияти Авдӣ Қулиев: Маро дар ватанам, Туркманистон, ба хок супоред.


Брюс Панир Субҳи сешанбе аз Ослои Норвегия хабари даргузашти Авдӣ Қулиев, нахустин вазири умури хориҷаи Туркманистон, яке аз бонуфузтарин раҳбарони нирӯҳои мухолифин дар ҳиҷрат расид. Вай шаби гузашта дар синни 71-солагӣ, баъди ду рӯзи амалиёти меъдааш дар паҳлӯи ҳамсараш Татяна даргузашт. Вай яке аз мунаққиидони шадиди режими Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии пешини Туркманистон буд.

"Эркин Туркманистон", сафҳаи интернетии мухолифини ин кишвар Қуловро фарзанди миллат ва ғурури мардуми Туркманистон хондааст, ки ҳаёти худро барои мубориза барои озодӣ бахшидааст. Қулов баъди касби истиқлолияти Туркманистон раҳбари сиёсати хориҷии ин кишвар таъйин шуд. Замоне, ки Ашқобод баъди фурӯпошиии Шӯравӣ дар хориҷа дунболи пайдо кардани муттафиқони нав мегашт, Қулов Сафармурод Ниёзовро дар сафарҳои хориҷа ҳамроҳӣ мекард.




Аммо соли 1992 Қулов, бино ба мухолифаташ ба сиёсати Туркманбошӣ, тасмим гирифт, ки аз вазифа канор равад. Ӯ то ҳол танҳо собиқ мақоми ҳукуматӣ боқӣ мемонад, ки бо хости худ, бидуни олуда шудан ба тӯҳматҳои ришвахориву сӯиистифода аз мансаб тарки вазифа карда бошад. Нурбердӣ Нурмуҳаммадов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи "Иттиҳод" ва аз нафарони камтарин аст, ки дар дохили Туркманистон ба ҳайси пешвои мухолифин ба сар мебарад. Вай дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ саргузашти Қуловро баъди аз вазифа рафтани вай чунин ҳикоят кард: "Вай роҳи дигар, роҳи мухолифинро пеша кард. Вай Маскав рафт ва Бунёди Туркманистонро таъсис дод ва баъдан тамоми ҳаёти худро ба ояндаи Туркманистон бахшид. Коре, ки ӯ ба анҷом расонид, аз дасти ҳар кас намеомад"





Бидуни кӯмаки вижа ва пуштибонӣ дар ҳиҷрат Қулов барои худ як роҳи пурмушкил ва хатарнокро интихоб кард. Дар оғоз вай бо бахши туркмании радиои Озодӣ ҳам ҳамкорӣ кард, аммо билохира, тасмим гирифт, ки дар паҳлӯи дигарандешону мухолифон ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул шавад. Соли 1998 раиси ҷумҳурӣ Ниёзов, ки маъмурияташи аллакай чун помолкунандаи ҳуқуқи башар ва саркӯбкунандаи озодии баён ном бароварда буд, дар Вашингтон бо президенти вақти Амрико Билл Клинтон мулоқоти расмӣ орос. Виталий Пономарев, як фаъоли гурӯҳи ҳуқуқи башари "Мемориал", воқеъ дар Маскав чунин қисса кард: "Соли 1998 ман бо ӯ Туркманистон парвоз кардам. Ин як иқдоми моҳиронаи вай буд, чаро ки мақомоти Туркманистон бар асоси чандин банди Кодекси ҷинойӣ нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд. Аммо вақте ӯ ба Туркманистон расид, мақомот тарсиданд, вайро ба додгоҳ кашонанд ва ба ӯ фишор оварданд, ки ба Маскав баргардад"




Сафари кӯтоҳмуддати Қулиев ба Туркманистон ба дигар мақомоти ҳукуматӣ бетаъсир намонд, чунки ҳузури вай маънои побарҷо будани нирӯҳои мухолифинро дошт. Баъдан қисмати зиёди онҳо тарки кишвар карда гурӯҳҳои мухолифини худро дар хориҷа таъсис доданд. Баъзе аз онҳо баъдан соли 2002 бо таъсиси нируҳои Муттаҳидаи Мухолифини Туркманистон мувофиқат карданд. Раҳбарии ин нирӯҳоро Авдӣ Қулиев ба дӯш гирифт. Дар Ашқобод Нурмуҳаммадов саҳми Қулиевро дар роҳи огоҳонии ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъи воқеии Туркманистон ситоиш кард. "Алорағми мушкилоте, ки ба ҳайси як мухолифи давлат дошт, вай масъулиятро пурра эҳсос мекард ва дар ҳамоишҳои байналмилалӣ чеҳраи Туркманистонро муаррифӣ мекард ва барои ҳуқуқи мардуми Туркманистон мубориза мебурд." Пономарев аз даргузашти Қулиев чунин изҳори таассуф кард:





"Вай як шахси боз ва ҳақиқатгӯ буд. Ӯ ҳамеша омода буд иштибоҳҳояшро эътироф кунад. Замоне, ки дар Русия зиндагӣ мекард, дари хонаи ӯ ҳамеша боз буд ва мардум ҳамеша омаду рафт мекард ва ҳатто одамони хеле оддӣ аз Туркманистон мехостанд ба ҷумбиши вай кӯмак кунанд. Ва новобаста ба хиёнатҳову амалҳои таҳрикомез алайҳи ӯ, вай ҳамеша боз боқӣ мондааст"





Ҳамсари Қулиев - Татяна гуфт, ки умедвор аст, новобаста ба он равобити сиёсие, ки дар миёни ҳукумат ва ҳамсари ӯ эҷод шудааст, онҳо васияти ахири ӯро иҷро хоҳанд кард: "Ман ба ҳукумати Туркманистон муроҷиат намуда, дархост мекунам, ки хоҳиши охирини ӯро ба иҷро расонанд ва ҷасади вайро дар ватанаш,Туркманистон ба хок супоранд" Рӯзи 8 апрел Қулиев бо дарди меъда ба касалхона интиқол дода шуд ва дигар ба ҳуш наомад.
XS
SM
MD
LG