Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷилавгирӣ аз қочоқи «Қассас- ул - анбиё» ва «Ҳақоиқ - ул - асрор»


Хуҷанд. Кормандони идораи гумруки Суғд ахиран бо роҳи қочоқ аз қаламрави Тоҷикистон берун бурдани ду нусха китоби қадимаи адабиёти форсу тоҷикро ҷилавгирӣ карданд.

Ба гуфтаи масъулини идораи гумруки Суғд ду нусхаи қадимии китобҳои «Қассас - ул - анбиё» ва «Ҳақоиқ - ул - асрор» - ро як зани шаҳрванди Қирғизистон мехост бидуни таҳияи асноди гумрукӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун барад. Зимни муоинаи автомобили сабукраве, ки ин зан дар он роҳ сӯи Бишкек дошт, дар посгоҳи Фотеҳободи ҳаммарз бо Узбакистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ,, кормандони гумрук ин китобҳоро дар ҷайби ӯ ошкор ва мусодира кардаанд.




Кормандони илмии осорхонаи таърихиву кишваршиносии Суғд, ки ин китобҳои чопиро аз нигоҳи арзиши таърихӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд, мегӯянд, ки онҳо бо таърихи беш аз садсола дорои аҳамияти баланди таърихиву фарҳангианд. Кибриё Атаева - пажуҳишгари илмии осорхонаи Суғд дар ин бора меафзояд : «Ин ду китоб - «Ҳақоиқ - ул - асрор» ва «Қассас - ул - анбиё» чопӣ ва ба забони туркӣ буда, бо хати арабиасоси тоҷикӣ нашр шудаанд. Саҳифаҳои аввалу охири ин китобҳо даридааст, ҷой ва соли нашри онҳо маълум нест. Аммо зоҳиран, ҷои нашри онҳо матбааи Тошканд ва тақрибан дар сад сол пеш ба табъ расидаанд. Аз нигоҳ, ин китобҳо арзиши баланди таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.»




«Қасас - ул - анбиё», яъне қиссаҳои паёмбарон аз қадимтарин ва серхонандатарин китобҳои адабиёти тоҷик буда, нусхаҳои қадимаи дастнавис ва чопии он то кунун дар дасти нафарони алоҳида дар Суғд чун мероси хаттии ниёгон нигаҳдорӣ мешавад. Дар соли 1991 - и милодӣ ин китоб дар шаҳри Душанбе барои бори аввал бо ҳуруфи кирилӣ, бо теъдоди барои Тоҷикистон ҳангуфти 100 ҳазор нусха, ба нашр расида буд. Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва маъхазҳои осорхонаҳо» берун бурдани нусхаҳои қадимаи китобҳоро аз қаламрави ин кишвар манъ мекунад. Идораи гумруки ноҳияи Мастчоҳ нисбати қазиаи зани қирғиз, ки аз ошкор сохтани номи ӯ худдорӣ меварзад, мутобиқи банди «қочоқ» - и Асноди ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишоти қаблии онро додситонии ин маҳал пеш мебарад.



Дар ду соли қабл гумрукиёни Суғд аз дасти як қочоқгар нусхаи қадимаи китоби ба забони русии «Библия в картинках», яъне - «Инҷили мусаввир» - ро мусодира карда буданд.
XS
SM
MD
LG