Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши хатароти пулшӯӣ дар иқтисоди Тоҷикистон


Гурӯҳи кишвар ва созмонҳои аслии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон бо пахши як баёния аз афзоиши мизони хатароти пулшӯӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ дар ин кишвар ҳушдор додааст. Дар баёнияи мазкур таъкид мешавад, ки ҳамзамон бо шаклгирӣ ва густариши иқтисоди озод ва низ ривоҷи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест, ки хатароти ношӣ аз шустушӯи пул ва сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ дар ҷомеъаи ин кишвар бештар шавад.





Ин ҳам дар ҳолест,ки дар бақияи кишварҳои Осиёи Марказӣ тадобири изофагии мубориза бо шустушӯи пул ва сармоягузории амалҳои террористӣ ба иҷро гузошта шуда, вале Тоҷикистон то кунун натавонистааст ҳама меъёрҳои байналмилалӣ дар ин заминаро қабул ва татбиқ кунад.




Ворид кардани ислоҳот ба қонунгузории кишвар аз ҷумла, мушаххас сохтани механизми ба таълиқ даровардани дороӣ ва маболиғи марбут ба гурӯҳҳои террористӣ ва мутобиқ кардани он бо қатъномаҳои 1267 ва 1373 Шӯрои амнияти СММ фароҳам кардани шароити хуби табодули иттилоъ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ошкор ва хунсо кардани ин гурӯҳҳо аз ҷумлаи тавсияҳои гурӯҳи мазкур дар ин баёния ба давлати Тоҷикистон мебошад. Дар баёния ҳамчунин таъкид шудааст,ки ҳарчанд Тоҷикистон конвенсиюни СММ дар мубориза бо фасодро имзо кардааст, аммо он то ҳол аз сӯи порлумон таъйид нашудааст.





Ин дар ҳолест, ки Мирзобек Ҳоҷиев - узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ ,амният ва дифоъи Маҷлиси намояндагон гуфт,ки Тоҷикистон бо доштани марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон аз ҳар кишвари дигари минтақа бо мушкили сармоягузории фаъолиятҳои гурӯҳои террористӣ мувоҷеҳ аст. Аз ин рӯ ҳоло тарҳи алоҳидаи Қонун дар ин замина дар дасти баррасӣ қарор дорад.Аммо ба эътиқоди Фаррух Умаров-коршиноси мустақили тоҷик фақри сартосарӣ дар Тоҷикистон ва ба яке аз кишварҳои тронзити интиқоли маводи мухаддир табдил ёфтани он аз авомилест,ки ин кишварро ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои террористӣ нигоҳ медорад.




Аз ин лиҳоз Тоҷикистон бояд дар мубориза ба ин падидаҳои хатаровар ҳамкории танготангро бо ҷомеъаи байналмилалӣ ба роҳ монад. Гуфтанист дар се соли пеш баъд аз судури як фармони президент Эмомалии Раҳмон бархе аз афроди доро, ки аз роҳи ғайриқонунӣ сармоя ба даст оварда буданд ҳаққи истифодаи машрӯъи ин маболиғро ба даст оварданд. Ҳарчанд чанд мавориди пулшӯӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст, вале дар мавриди сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ расман хабаре нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG