Пайвандҳои дастрасӣ

Се андеша аз имрӯзи Ироқ


Як марди ироқӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Ироқи Озод гуфт, чор соли гузашта умеду интизории мардуми ироқро бароварда насохт: "Нуҳуми апрели соли 2003 ироқиҳо интизори инро доштанд, ки ин рӯз барояшон озодӣ, демократия, оромӣ ва амният хоҳад овард. Вале ҳоло, бо гузашти чор сол, мо мебинем, ки вазъ аз пештара дида бадтар шудааст ва ҳатто заррае ҳам пеш намеравад. Мо тамоми амниятро бохтем, озодиро бохтем, эътидолу бародариро ҳам бохтем ва ҳатто пайвандҳои иҷтимоии худро низ."

Дар баробари чунин яъсу ноумедӣ, сокини дигари Бағдод мегӯяд, ҳанӯз таъми ширини озодиро гум накардааст. Вай мегӯяд, "мардуми Ироқ хушбин аст ва худованд амрикоиҳоро овард, то кобуси ин миллат, яъне Саддом Ҳусайнро барканор кунад. Бо хости худо, мо ҳанӯз шодем ва бо хости худ, муждаҳои некро интизор."

Вале ҳамсӯҳбати дигари ҳамкори ақидаеро баён дошт, ки эҳтимол меравад, ба бахши аъзаме аз аҳолии Ироқ хос бошад. Вай гуфт: "Нуҳуми апрел, дар асл як таърихи ғайриоддист ва ба як калима шарҳ додани он мушкил аст. Мо метавонем, онро рӯзи тазодҳо номем. Аз як сӯ мо аз диктатура раҳо шудем ва аз сӯи дигар ҳуқуқи амиқтари худ, озодиро, аз даст додем. Озодӣ, демократия, ишғол...Ман намедонам, дар шарҳи ин се вожа чизе бигӯям."
XS
SM
MD
LG