Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзохӯҷа Низомов: "Протоколи Ғарм таконе барои сулҳ буд"


аз фармондеҳони пешини ИНОТ Мусоҳибаи Абдулқаюми Қаюмзод бо Мирзохӯҷа Низомов Дар таърихи 16 сентябри соли 1996 миёни як ҳайъати баландпояи низомии ҳукумати вақт ва теъдоде аз фармондеҳони нерӯҳои оппозисиюни тоҷик дар Ғарм мулоқоте баргузор гардид, ки бо имзои Созишномаи оташбас поён ёфт. Ин созишнома дар таълифоти вобаста ба ҷанг ва сулҳи тоҷикон бо номи Протоколи оташбаси Ғарм маъруфият дорад. Ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон ва соҳибназарони умури сиёсӣ имзои ин протокол ,ки мустақиман миёни фармондеҳони ҳардуҷониби даргири ҷанги шаҳрвандӣ ва дар майдони ба истилоҳ набард ба имзо расид, такони ҷиддие дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ будааст. Дар мусоҳибаи зерин Мирзохӯҷа Низомов - аз фармондеҳони аршади пешини нерӯҳои оппозисиюни тоҷик, ки роҳбарии ҳайъати қумандонҳои мухолифинро дар ин мулоқот ба ӯҳда дошт, дар бораи ҷузъиёти ба имзо расидани ин санад сӯҳбат мекунад.

Дар робита ба Протоколи оташбаси Ғарм, ки миёни шумо ва як ҳайати низомиёни ҳукуматӣ дар соли 1996 ба имзо расид, сару садоҳо зиёданд. Аслан, ин мулоқотро кӣ ташкил кард ва шумо кай фаҳмидед, ки ҳайъати ҳукуматӣ бо шумо нияти мулоқот карданро дорад?

Солҳое, ки мо пушти сар кардем ҳазорон шукр Худованди покро бо некӣ бигузаштанд ва мардуми Тоҷикистон имрӯз Худоро шукр ки аз сулҳу салоҳ ва ободиву осоиштагӣ сӯҳбат мекунанд...

Замоне, ки даргириҳо дар Тоҷикистон сар шуд, бори аввал дар соли 1993 ман аз як бародаре, ки якҷо мо донишгоҳро ба итмом расонида ҳамкор ҳам будем,Зафар Икромов мактуб гирифтам бо ин мазмун, ки Мирзохӯҷа агар бихоҳӣ мо як маротиба бо ҳам вохӯрӣ дошта бошем. Ва ин бародар он замон дар вазифаи мушовирӣ дар ҳукумат кор мекард. Азбас мо солиёни дароз ҳамдигарро мешинохтем ва бо ҳам нону намкхӯрда будем бо ӯ вохӯриро рад накардам. Вале аввалин мулоқоти мо бо ӯ соли 1995 рух дод, ки ӯ ҳамроҳ бо Ҳасан Абаза, генерал аз ҳайати нозирони низомии СММ ва як гурӯҳ аз ҳарбиёни ҳукумати вақт ба Ғарм омад .Баъди адои салом ӯ ду нонро ба дасти ман доду гуфт, ки инҳоро барои Шумо келин фиристодааст. Ман нонро гирифта бӯсида изҳори сипос кардам, ки то ҳоло дар ёди аҳли байт ва ҳамсари ӯ будаам. Баъдан сари дастурхон нишаста як сӯҳбати хеле тӯлонӣ анҷом додем .Аз мавқеъ ва дидгоҳҳои ҳамдигар воқиф шудем. Ба ростӣ мо бо ҳам зуд забон ёфтем. Вале ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки агар Шумо мо мардуми Қаротегин ва умуман одамони имрӯз бо номи оппозисиюнро шаҳрванди Тоҷикистон бишуморед ба Эмомалӣ Раҳмонов-раиси давлат бирасонед, ки мо низ ташнаи ҷанг нестем, сулҳу салоҳ мехоҳем, мо низ ташнаи зиндагӣ ҳастем, мо низ ташнаи ҳаёт ҳастем, фарзондонамонро дӯст медорем, ватанамонро дӯст медорем ва мо ҷанг карданӣ нестем. Ва мо бегоҳӣ он кас ва ҳамроҳонашро гусел кардем. Ва ман фикр мекунам, ки ин мулоқот натиҷаи қаноатбахш дод. Баъди чанд вақт мо бори дигар бо Зафар Икромов вохӯрӣ доштем.

Аммо баъдтар, соли 1996 даргириҳои вазнин сар шуд, ҷангҳои шадид мерафт. Ва ба ростӣ ин барои тавсиф ё сифаткунӣ нест, гоҳо мо ва гоҳо ҳукуматиҳо ба пешравиҳо ноил мешудем ва махсусан дар он вақт дар Оби гарм ҷангҳои сахту шадид ҷараён дошт. Он замон як Кумиссияи муштараки оташбас аз ҳарду ҷониб ташкил шуда буд ва Ҷалолиддин Маҳмудов-намояндаи Наҳзати исломӣ дар ҳамин кумиссия, ки бо мо рафту омад дошт, бо Душанбе равуои зиёд дошт ва даргириҳоро аз наздик медид ва вазъи моро ба хубӣ мушоҳида мекард, як рӯз омад ва гуфт, ки комиссар соҳиб, як гурӯҳи генералҳои ҳукуматӣ мехоҳанд бо шумо вохӯрӣ кунанд. Шумо розӣ ҳастед ё не? Ман гуфтам агар ба манфиати халқу миллат бошад ин вохӯрӣ чаро розӣ набошам? Гуфтам, шумо як каме собир бошед то ман бо қумандонҳои дигар сӯҳбат ороям, фикру андешаи онҳоро бифаҳмам, сипас натиҷаашро ба шумо хоҳам гуфт. Ва ман ҳамроҳ бо қумандонҳое, ки бо ман буданд ва таҳти итоати ман буданд, нишастем, сӯҳбат кардем, ҳамдигарфаҳмӣ шуд, вале ростӣ дар ин сӯҳбат гоҳо нофаҳмиҳо ҳам буданд, тезутундиҳо ва норозигиҳо ҳам мешуданд. Лекин то қадри ҳол ман онҳоро фаҳмонидам, ки оқибати сулҳ чӣ хоҳад буд ва оқибати ҷанг чӣ хоҳад шуд. Албатта фаҳмиданд, розӣ шуданд ва баъди ризоияти онҳоро ҳосил шудан ман гуфтам, ки майлаш оянд, мулоқот хоҳем кард. Ба гуфтанд, ки роҳбари гурӯҳи ҳукуматӣ Амирқул Азимов аст, ки ман ӯро пештар низ мешинохтам. Хуллас, мо гуфтем , ки розӣ ҳастем ва фарқаш ҳам нест, ки кӣ меоянд фақат ин ки хоҳиш ва супоришҳои моро иҷро карда тавонад. Сипар рӯзи чаҳордаҳуми сентябр буд ба фикрам, ки дар як чархбол ҳайъати ҳукуматӣ бо роҳбарии Амирқул Азимов назди мо омаданд. Дар ин гурӯҳи омада аз ҷумла Ғаффор Мирзоев ҳам буд. Аз ҷониби мо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Аҳмадбек ва намояндагони қумандон мулло Абдулло ҳам буданд. Мо онҳоро дар Ғарм пешвоз гирифтем. Ва рӯзи дигараш гуфтушунид миёни мо оғоз шуд.

Мулоқот дар куҷо ва таҳти чӣ шароите баргузор шуд?

Мулоқот дар меҳмонхонаи ҳукумати ноҳия баргузор гардид. Рӯзҳои аввал он ниҳоят вазнин ҷараён мегирифт. Чунки аз ҳарду тараф:- ҳам нафарони мо ва ҳам нафарони ҳукуматӣ ҳамроҳ яроқ доштанд ва дар гирди хона низ ҳам бачаҳои мо ва ҳам бачаҳои аз ҷониби ҳукумат бо силоҳ, яъне мусаллаҳ истодагӣ буданд. Намояндагони СММ дар он ҷо буданд ҳамон нафаронаешон, ки дар минтақа буданд, аммо дар мулоқот ширкат надоштанд. Аз ҷониби мо дар ин мулоқот Абдунабӣ Сатторзода- узви ҳайати музокиротии ҷониби оппозисиюн ҳузур доштанд. Ва қариб тамоми ҳуҷҷату асноде, ки таҳия мешуданд аз ҷониби мо бо дастони Сатторзода дуруст мешуданд. Албатта дар асоси таклифу дархостҳои мо ҳамаи матнҳоро он кас омода мекарданд. Ба ҳангоми гуфтушунид гоҳо асабӣ мешудем гоҳо доду фарёду ҷанҷол ҳам мекардем. Як маротиба то ҳатто гуфтушуниди мо ба хотири як нафар аз генералҳои ҳукуматӣ, ки ҳоло номаш дар ёдам намондааст, қариб буд, ки қатъ шавад. Зеро дар ин миён, ки дар Ҷиргатол ҷангҳо идома мекард, ӯ хеста даъвоҳои нодуруст кард. Боз ба ҳар ҳол баъди як-ду соати танаффус , ки асабҳо ором шуданд мо боз идома додем. Хулоса, ки дар рӯзҳои аввал хело бо мушкилиҳои зиёд якдигарфаҳмӣ мекардем.

Дар ҳамон шароите, ки мулоқот идома мекард, вазъ дар минтақаи Ғарм чӣ гуна буд ва минтақаро, кадом тараф назорат мекард?

Аслан, то Оби гарм минтақа таҳти назорати мо қарор дошт. Танҳо дар дохили худи Ғарм як қисми ҳарбии Сӯҳроб Қосимов буд ва камтар қувваи дигар дар Тоҷикобод аз Горди раёсати ҷумҳурӣ мустақар буд, ки ҳамагӣ дар муҳосира қарор доштанд. Ин нерӯҳо аз ҳамон ҳудуди муайянашон баромада наметавонистанд, чунки қувваҳои оппозисиюн хеле нерӯҳои боқувват шуда таҷрибаи зиёд низ ҳосил карда буданд. Қувваҳои асосии мо дар Оби гарм истода буданд. Ба хотири он ки боз ягон нохушӣ ё фалокат рух надиҳад, қувваҳои ман дар болои кӯҳ дар Оби гарм ҷой гирифта буданд. Дар тарафи Тавилдара ҳам қувваҳои Мирзо Зиёев хело ҳаракатҳои хуб карда буд. Қувваҳои оппозисиюн аллакай дар Шугнов дохил шудагӣ буданд. Хело пешравиҳо назаррас буданд. Аммо як сухани устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ёдам меояд, ки мегуфт, сулҳу салоҳ ҳама вақт бояд дар ҳолати пешравиҳо шавад. Шахсе, ки пешравӣ надошта бошад сулҳи вай аз маҷбурӣ аст. Шумо, ки имрӯз пешравӣ доред, шумо имрӯз сулҳ карда истодаед гуфта буд дар яке аз сӯҳбатҳои худ.

Чун аз устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кардед оё дуруст аст, ки мулоқоти шумо бо низомиёни ҳукуматӣ дар он вақт бидуни мувофақа бо роҳбарони сиёсиатон сурат гирифтааст.

Бале. Дар ҳақиқат вақте мо бори аввал Протоколи оташбасро дар Ғарм имзо кардем, розигии роҳбариятро ман нагирифта будам. Чунки ман фикр мекардам, ки мумкин дар ҳамон лаҳзаҳо онҳо барои гуфтушунид розӣ нашаванд. Ва пештар ҳам, ки баъзе вақтҳо дар ин масъалаҳо сӯҳбат мекардам бо мухобира мегуфтанд, ки вазифаи қумандон бурдани музокирот нест, вазифаи қумандон ҷанг аст, аммо ба ҳар сурат шояд ман дуруст карда будам ё ноудруст карда будам вале як чизро аниқ медонистам, ки оқибати ҳамаи ҷанг, аз ҷумла ҷанги мо ҳам сулҳ аст. Ва аз ин рӯ бояд ақли худро низ кор мефармудам ва танҳо ба силоҳ такя бояд намекардам. Ва бинобар ин ҳис кардам, ки гуфтушунид ҳам барои ман даркор аст. Ва дар қисми сиёсат ҳам камубеш кор кардани ман даркор аст.

Аммо чун шумо гуфтед, ки Ҷалолиддини Маҳмуд-узви комиссияи муштараки назорати оташбас, ки намояндаи мухолифин буд шуморо ба мулоқот ташвиқ кардааст, шояд ӯ роҳбаронро қаблан огаҳ карда буд?

Фикр мекунам, баъд аз он ки мо ин мулоқотро шурӯъ кардем, баъд Ҷалолиддини Маҳмуд ба роҳбарон хабари онро дод.Чунки агар мо пештар гап мезадем шояд ягон монеъагиҳо мешуд.

Яъне, худи Ҷалолиддин ҳам намехост, ки роҳбарон пеш аз шурӯъи мулоқот аз он огаҳ шаванд?

Бале, ба хотири он ки вазъияти дохилиро Ҷалолиддин нисбати дигарон боз беҳтару хубтар медонист. Нисбати роҳбарияти мо, ки дар Эрону Афғонистону дигару дигар ҷойҳо буданд, ӯ хубтар медонист.

Дар он мулоқоте, ки доир шуд, дар сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ ва дар шароите, ки ҳамаи манотиқ таҳти контроли шумо қарор дошт, ҳайъати ҳукуматӣ аз чӣ боб сӯҳбат мекард ва чӣ пешниҳодҳо дошт?

Баъде, ки ҳамин мулоқот доир шуд, Амирқул Азимов ба ноҳияи мо зиёд сафар карданд. Ва ҳар боре, ки мерафтанд мо танҳо бо сӯҳбати сари дастархон иктифо намекардем, ҳамроҳ рафта аз вазъи қувваҳои ҳукуматӣ ва оппозисиюн хабар мегирифтем. Вақте, ки вориди Ғарм шудем, як протокол қабул кардем, ки дар худи ноҳия ҳама беяроқ гарданд ва фақат бо қарори Шӯрое, ки мо гузаронида будем даҳ дувоздаҳ нафар танҳо ҳамроҳи ман ҳуқуқи босилоҳ гаштанро доштанд, вале дигар қумандон бояд, ки ягон одами мусаллаҳро ҳамроҳаш намегирифт. Баъдан вақте дар Ғарм ҷойгир шудем мо бо қувваҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ мекардем. Махсусан, шабҳо барои онки дуздӣ накунанд ман ҳамроҳи милиса бачаҳои оппозисиюнро ба хизмат равон мекардем. Ҳар субҳ сардори управленияи вазорати корҳои дохилӣ ва КГБ пеши ман меомаданд, сӯҳбат мекарданд. Ягон ҷо рафтанӣ мешуданд маслиҳат мекарданд. Мепурсиданд, ки мо ягон ҷо рафтанамон даркор бохабар бошед, ки ҳодисае рух надиҳад. Мо тамоми васоитро кор мебурдем, ки дигар оташкушоӣ нашавад, куштор нашавад. Шабҳо омада якҷоя дар идораи ҳукумат мешиштем. Дар ҳукумат як утоқи корӣ барои ман ҷудо карда буданд. Ман омада дар он ҷо мардумро қабул мекардам. Арзу шикоёти мардумро мепурсидам. Бисёрии мардум ба ғайри ман ба касе боварӣ надоштанд дар он шабу рӯз. На ба раиси ҳукумат на ба милиса на ба КГБ. Ҳама пеши ман меомад барои шикоят. Ман маҷбур мешудам раиси комиҷроияро фарёд мекардам, роҳбарҳои дигарро фарёд мекардам, ки бародар ҳамин хел гап ҳаст, ҳамин хел кор ҳаст биёед роҳбарӣ кунед, биёед вазифаву корҳоятонро адо кунед. Хулоса ҳамаи ҳаракати дар ноҳияро мо таҳти назорат гирифта будем. На танҳо дар Ғарм, ман Ҷиргатол мерафтам, Тоҷикобод мерафтам, Ҳойиту Комсомолобод меомадам, то Орҷоникидзеобод меомадам. Аз тарафи ҳукумат ман хоҳиш карда будам ва барои ман як мошини УАЗ-469 ҷудо карда буданд. Бо ҳамин мошин қариб тамоми минтақаи Қаротегинро мо мегаштем. Мақсад ягон бетартибӣ, ғоратгарӣ ва дуздӣ нашавад. Чунки он шабу рӯзҳо бо номи оппозисия ҳам дуздӣ мекарданду бо номи ҳукумат ҳам ғорат мекарданд.

Аммо бархе бар ин назаранд, ки ҳамин мулоқоти шумо боис шудааст, ки роҳбарони мухолифин аз наздикшавии фармондеҳонашон бо ҳукуматиҳо ҳаросида зудтар дар пайи дастёбӣ ба сулҳ шаванд.

Ин ҷо ман дар бораи тарсидан ё натарсидани онҳо чизе гуфта наметавонам. Чунки роҳбари мо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бисёр одами ботамкин ва оқилу доно буданд. Ҳис мекунам, ки он кас ҳам аз сулҳу салоҳ кардани мо ва протоколи оташбас кардани мо дарк карда буд, ки дар дохил агар онҳое, ки ҷанг мекунанд ба сулҳу салоҳ оянд онгоҳ онҳо чора надоштанд ва маҷбур мешуданд ба ин итоат кунанд ба ин чиз бештар ва зиёдтар аҳамият диҳанд. Ва дар воқеъ агар исботи фикр ҳам, ки хоҳед ҳамаи гуфтушунидҳо ва музокиротҳо, ки то ин вақт миёни ҳукумат ва мухолифин ҷараён дошт баъди ҳамин протоколе, ки дар Ғарм омода шуд як каме ба таҳрик даромад. Аммо бо вуҷуди имзои Протоколи Ғарм ман даст рӯи даст нанишастам. Азбаски бархе аз бародарҳоямон муқобили ин протокол баромада ман ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода барои фаҳмонидан ба Афғонистон рафтам. Дар Афғонистон Шӯрои Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Ман дар ин ҷаласа, ки тақрибан аз шаши бегоҳ то шаши саҳар идома дошт ман фаҳмонидам, суханронӣ кардам. Шоҳид Абдунабӣ Сатторзода ҳастанд, ки дар он ҷо чӣ қадар ҷангу ҷанҷолҳо доштем. Дар ин Шӯро ман исбот кардам, ки он чи мо кардаем дуруст аст. Баъди вай боз Тоҷикистон омадам. Боз гапу ҳарфҳо зиёд шуданд ва даъват ба Эрон шудам. Рафта дар Эрон ҳам фаҳмонидам, ки он чи ки ман имзо кардам онро дуруст мешуморам. Баъди ин протокол ба ростӣ сару садоҳои мухталиф зиёд буданд. Маро дар аввал бисёрии рафиқҳо дастгирӣ накарданд, ки сулҳ кардаам. Баъд, баъди муддатҳо боз дастгирӣ карданд. Аммо онҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, ҳамеша розӣ буданд.

Аммо ҳамон вақте, ки мулоқотҳо оғоз шуд, роҳбарони Шумо огаҳ шуда буданд ва бо шумо тамос мегирифтанд?

Бале, огоҳӣ доштанд. Лекин ман тамос намегирифтам. Ман дастгоҳи мухобира ҳам надоштам. Дар ин масъала вайҳо мухобира бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров доштанд дар ҳамон шабу рӯз. Якто ҳамагӣ дастгоҳи мухобира дар ҳамаи минтақаи мо мавҷуд буд, ки дар дасти ӯ буд. Аммо ростӣ ӯ чӣ гап мезад ва кай гап мезад ман хабар надоштам. Баъдтар боз ба мулло Абдулло фиристода буданд. Мо надоштем. Димоғошон сӯхтагӣ буд, ки мо надоштем, рости гап. Лекин ҳамаи музокироти шударо мо протокол карда фиристода будем.

Воқеан чунин сару садоҳо ҳам ба гӯш мерасид, ки гӯё қумондонҳои оппозисиюн аз мавқеъгирии роҳбарони худ норозогӣ карда мегуфтанд, ки онҳо дар хориҷа дар меҳмонхонаҳои панҷситорадор кайфу сафо карда гаштаанду мо дар тори кӯҳ азоби ҷанг мекашем.

Бародари азиз, ин гапҳо дар як хоҷагии шахсӣ ҳам мешавад. Масалан як одам се фарзанд дорад. Яке аз ин фарзандон ба дигараш таъна мезанад, ки ӯро бубин, ки падарам мошинаш гирифтаасту барои ман нагирифтааст. Ё ки чаро вай дар бари падарам нишастаасту ман не.
Ин ҳарфҳо аз ҳисоби камақлӣ мешавад. Онҳо ҳам хоҳони он набуданд, ки рафта дар меҳмонхонаҳои панҷситорадор зиндагӣ кунанду мо дар ин ҷо азоб кашем. Лекин шароит онҳоро маҷбур карда буд. Шароит онҳоро аз ватан берун карда буд. Ман ҳамин хел мефаҳмам. Ман фикр намекунам, ки устод Тӯраҷонзода ё устод Нурӣ барои сархушӣ рафта дар Теҳрону Афғонистон зиндагӣ ихтиёр карда бошанд. Онҳо муҳоҷир буданд. Онҳо роҳбароне буданд, ки тавонистанд мардуми тоҷикро якҷо сарҷамъ кунанд. Ва агар онҳо намешуданд мумкин он мардуме, ки гуреза шуда аз Тоҷикистон берун шуда буданд то имрӯз дар ба дар дар ҳар куҷо мегаштанд. Лекин ин заҳмати онҳо буд, ки ин мардумро сарҷамъ карданду намонданд, ки пош хӯранд.

Оё дар воқеъ чунин шуданаш мумкин буд, ки фармондеҳон бо ҳамвор кардани роҳи мустақими гуфтушунид бо ҳукумат аз таҳти фармондеҳии роҳбарони худ берун мешаванд?

Мақсади мо барои итоат накардани роҳбарият набуд. Мақсади мо аз он иборат буд, ки роҳбарият моро мефаҳмад ва моро дастгирӣ мекунад. Ба хотири он ки дар хориҷи мамлакат ман будам ва медонистам ки чи қадар гурезаҳо дар Афғонистон ва дигар ҷоҳо азоб кашида рӯз гузаронида истодаанд ва ман пурра медонистам, ки ин мардуми гуреза ҳам моро пурра тарафдорӣ мекунад. Мақсад он набуд, ки мо аз таҳти итоати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бароем ё ин ки мо онҳоро гӯш накунем ё ин ки боз як ҳукумати дигар ва роҳбари дигар ташкил кунем. Мо итоат мекардем, лекин ман метавонистам ва бовар доштам, ки ман ин одамонро фаҳмонида метавонам. Ман ин рафтор ва кирдори худро мутмаин будам, ки ба ин одамон хоҳам фаҳмонид. Ман сад дар сад ба худам боварӣ доштам.Б а устод Нурӣ ҳам сахт бовар доштам, ки он кас маро мефаҳманд. Бинобар ҳамин қадам ба ҳамин роҳ мондам. Мо он чизеро, ки он кас фармон медоданд, итоат мекардем, гӯш медодем. Лекин феъли хуби он одам ҳамин буд, ки аввал ӯ моро гӯш мекард. Ва вай моро ба хубӣ дарк мекард, ба хубӣ мефаҳмид. Мову устод Нурӣ ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Бинобар ин ман бар ин бовар будам, ки он чизеро, ки кардам ба устод фаҳмонида дода метавонам.

Оё баъди ин мулоқоте, ки доштед ҷониби ҳукумат боз талоши такрори чунин мулоқот бо қумандонҳои мухолифин аз ҷумла Шуморо мекард?

Буд. Бисёрии мулоқотҳо асосан дар бораи бенизомиву бетартибии саркардаҳову фармондеҳони ҳукуматӣ мешуд. Табиист, ки дар чунин вазъ мо муқобил мебаромадем. Вақте бо даъвати мо меомаданд мо ошкоро масъалагузорӣ мекардем. Барои мисол дар сари пули Тоҷикобод қувваҳои ҳукуматӣ сангар гирифтагӣ буданд ва мардумро бисёр ғам медоданд. Мо маҷбур шудем, ки ба Азимов масъаларо қатъиян бигузорем. Аввал ӯ ҳам розӣ нашуд, ки ба ин масъала ҳукумат розӣ намешавад, лекин мо ҳам сахтгирӣ кардем то ин ки ин қуваҳоро дар худи дохили Ғарм интиқол диҳанд. Ман мефаҳмидам, ки дар Ғарм мушкил мешавад, вазнин мешавад. Лекин ба ҳар ҳол дар роҳ мушкилӣ аз байн меравад, дар як ҷойи дигар сабук мешавад гуфта ин қувваҳоро аз он ҷо гирифтем. Ба ҳамин монанд мо якҷоя чандин қувва ва постҳоро аз байн бурдем, ба хотири он ки равуои мардум осон шавад. Ду кило картошка ё себеро, ки доранд баранду бифурӯшанд. Он замон буданд ҳолатҳое, ки аз ду қоб орде, ки меоварданд якеашро дар роҳ кашида мегирифтанд, киссаҳояшонро мекофтанд, пулҳояшонро мегирифтанд. Ин чизҳои паноҳмекардагӣ набуд.

Гуфтед, ки бо Зафар Икромов, мушовири вақти раиси ҷумҳур пештар мукотиба доштаед. Соли 1993 тавассути мактуб ва баъдан дар соли 1995, ки оқои Икромов назди Шумо омадааст бо вай мулоқотҳои рӯбарӯ низ доштаед. Оё аз ин мулоқотҳо ва мӯҳтавои онҳо роҳбарони мухолифин огаҳ буданд?

Аз мактубҳои расида ва мулоқотҳо бо он кас ман роҳбаронро хабар медодам. Устод Нуриро хабар медодам. Он кас медонистанд. Замоне, ки ба Афғонистон сафар доштам аз мулоқотҳо бо Зафар Икромов устод Нуриро дар ҷараён гузошта будам. Умуман устод Нурӣ ба ман бисёр боварӣ дошт. Ва нағз медонист, ки иншооллоҳ ман ҳеҷ гоҳ ба вай хиёнат намекунам. Ва дар ин масъала ба ман ҳеҷ монеа намекард. Вай медонист, ки ман коре бар зарар намекунам ва аз ин рӯ маро иҷоза медод, ки чунин мулоқотҳо дошта бошам. Ва мегуфт, ки худат бубин, ки ягон фалокат нашавад.

Аз имзои Протоколи оташбаси Ғарм беш аз даҳ сол сипарӣ мешавад. Бо гузашти солҳо бо он чи гуна баҳо медиҳед?

Барои сулҳ як протоколи Ғарм асос шуда наметавонад. Чунки барои дастёбӣ ба сулҳ вохӯриҳову мулоқотҳо аз тарафи ҳукумат, оппозисия, Созмони милал ва давлатҳои нозир бисёр ташкил шуда буданд. Пеш аз ҳама ман як чизро ҳис мекунам, ки ин сулҳ бори дигар нишон дод, ки мардуми тоҷик мардуми бохирад аст. Мардуме ҳастанд, ки ақлу заковаташон ба ҳар чиз мерасад. Дигар протоколи Ғармро ҳам ман чунин меҳисобам, ки як манфиати хубе дошт, як таконе буд. Чунки барои расидан ба сулҳ ин як таконе ҳам ба роҳбарияти оппозисиюн ва ҳам ба худи ҳукумат буд. Чунки ин Протокол дар шароити низомӣ ва бо дастони мардуми низомӣ омода шуда буд. Ва чӣ роҳбарияти ҳукумат ва чӣ роҳбарияти оппозисиюн ҳис мекарданд, ки агар ду ҷониби ҷанганда байни ҳам дӯстиву рафоқат бисозанд, созиш кунанд, кӣ дигар ҷанг мекунад? Ҳеҷ кас дигар ҷанг намекунад. Ва қадру қимати сиёсат чӣ мемонад? Ва ба ҳамин хотир, ман фикр мекунам, ки ин кор як такони ҷиддӣ дар роҳи сулҳ буд ва дар барои ҳушёр сохтани роҳбарои чӣ оппозисиюн ва чӣ ҳукумат буд.
XS
SM
MD
LG