Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султон Қувват: "Маро касе таҳдид накардааст"


раиси ҳизби сабтином нашудаи «Тараққиёт»-и Тоҷикистон Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Султон Қувватов

Чанд соли пештар мо як гурӯҳ аз мардуми Тоҷикистон талош кардем, ҳизберо бо номи «Тараққиёт» ташкил намоем. Тахминан панҷ сол мешавад, ки ҳизбро дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта наметавонем. Агар чанде, ки шумораи ҷонибдорони мо аз даҳ ҳазор ҳам зиёдтар аст. Ва дар ҳоли ҳозир даҳ ҳазор аризаи афродро дар даст дорем. То имрӯз ҳизбро ба қайд нагирифтанд. Бо ҳар баҳона аз тарафи вазорати адлия ба қайд гирифта нашуда истодааст. Ҳатто намедонем дигар бо куҷо муроҷиат кунем. Дар ин масъала ба раиси ҷумҳур ва ба тамоми органҳои дахлдор муроҷиат кардем, аммо ҳама талошҳоямон бенатиҷа анҷомиданд.

Ҳоло, ки вазири адлия иваз шуд ва дар ин миён ду ҳизби дигарро ин вазорат ба қайд гирифт, ният надоред, ки бори дигар ҷиҳати сабти ном муроҷиат кунед?

Рости гап, барои ҳизби моро ба қайд гирифтан монеа танҳо дар вазорати адлия нест. Собиқ вазири адлия Халифабобо Ҳомидов ба ман ошкоро гуфта буд, ки то агар роҳбарияти давлат иҷозат надиҳад, ман ҳизби шуморо ба қайд гирифта наметавонам. Ба вазири нав муроҷиат накардем, наздашон ҳам низ нарафтем. Рости гап ҳоле рафтанӣ ҳам нестем. Барои он ки ман боварӣ дорам, ки ҳизби моро ба қайд намегиранд. Аммо бе ин ҳам шумораи ҷонибдорони ҳизби мо сол ба сол, рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, ба фикри ман, аз пайдоиши як ҳизби бақувват дар ҷумҳур ,ки пайдо шаваду ба фаъолият оғоз кунад, метарсанд.

Ҳоло ячейка ё созмонҳои аввалияи ҳизби шумо дар маҳалҳо фаъолият доранд?

Ҳизб фаъолият дорад, лекин расман шинохта нашуд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.

Оё дуруст аст, ки шуморо ҳушдор додаанд, ки дигар ба корҳои сиёсӣ шарик нашавед? Ва гӯё бар зидди шумо парванда дуруст шудааст, ки агар дар сурате ба корҳои сиёсӣ ворид мешавед, ин парванда фаъол карда мешавад ба муқобили шумо ва шумо ҳам ба ҳамин хотир аз саҳнаи сиёсӣ худро канор гирифтаед?

Не, ягон кас маро таҳдид кардагӣ нест, аз саҳна ҳам дур нарафтаем. Ин ҳарфҳо, ки ман аз сиёсат равам, маро тарсонида бошанд, дуруст нестанд. Кори ҷиноятӣ аз болои ман оғоз кардагӣ нестанд. Ин гапҳо ҳамааш гапҳои дурӯғ аст, болои ман фишор шудагӣ ҳам нест. Фақат аз болои ҷонишини ман Файзиев Рустам кори ҷиноятӣ оғоз шуда вале ӯро бе ягон гуноҳ ба маҳбас кашонданд. Он нафароне, ки ин корро карданд, як рӯз ҷамъияту худо ҷазошонро медиҳад.

Чун шумо сӯҳбатро дар мавриди Рустам Файзиев овардед, ба фикри шумо чаро ӯ таҳти афви ахири ба иҷрорасида қарор нагирифт?

Ҷиноятҳое афв карда шуданд, ки ҷиноятҳои сабук буданд ва аз панҷ сол кам мӯҳлати ҷазо доштанд. Ва онҳо ҷиноятҳое буданд, ки ба ҳисоби ҷиноятҳои вазнин дохил намешуданд. Аз ин ҷумла гуноҳи боркарда ба сари Файзиев Рустам ба ин намуди ҷиноятҳо дохил намешуд барои ҳамин ӯ афв нашуд.

Шумо ҳамроҳи ӯ ягон бор мулоқот кардед, дидорбинӣ доштед?

Чандин бор ман бо Файзиев Рустам вохӯрӣ доштам, хабар мегирифтам. Вале ман боз ҳам мегӯям, ки вай аслан ҷиноят надорад. Касе, ки парвандаи ё фикри айбдории ӯро хонад, хандааш меояд. Ӯ ба ягон ҷо мактуб фиристодагӣ нест. Барои нома фиристонидан ба ягон идора, оё дар кадом таърихи давлати дунё шунидаед, ки одамро ҷавобгар кунанд. Вақте, ки нафаре номаро равон кард, вайро бояд аввал санҷанд, бинанд ва агар дуруст набарояд, дар он ҳолат ӯро ҳамчун тӯҳматчӣ метавонанд ҷавобгар кунанд. Аммо дар асл ҳама ин чизҳо набуд. Ҳамон мактуб ягон ҷо фиристода нашуда буд. Тахминан се моҳ пас як нусхаи онро аз куҷое пайдо карда оварданд, ки вай мактуби навистагии Файзиев Рустам набуд. Зеро мактуби навистагии Файзиев Рустам дар ҳаҷми ду саҳифа буд. Ин мактубе ки оварданд аз се саҳифа иборат аст. Аслан мактуби ӯ нест. Бе ҳеҷ гуноҳ он одам шиштагӣ аст.

Баъзе аз роҳбарони мухолифини собиқ талаб мекунанд, ки дар арафаи даҳ солагии имзои созишномаи сулҳ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар афви размандагони собиқро эълон кунад ва ҳамчунин парвандаҳои роҳбарони мухолифини пешинро дар бойгониҳои мақомоти интизомии Тоҷикистон нобуд кунанд. Шумо чӣ назар доред, оё воқеан ҳамин пешниҳод қабили дастгирӣ аст?

Ба фикри ман, дар масъалаи афви мухолифин як маротиба шуда буд. Ҳамаи иштирокчиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба он дохил мешуд. Барои чи баъзе аз онҳоро ҷавоб надоданд ман ҳайрон ҳастам. Бояд ҳама афв мешуд аз ду тараф. Дар давраи Ҳукумати мусоҳилаи миллӣ «Народний фронт» хеста буд. Аз рӯи қонунҳои ҳамонзамонаи ҷумҳурӣ бигӯем онҳо ҳам ҷиноят карда буданд, ҷиноят содир карда буданд. Лекин, ки «Народний фронт» ғалаба кард, имрӯз вай ҳукумати қонунӣ шуду ҷониби дигар ҷинояткор. Аз ҳарду тарафа бояд афв мекарданд. Аммо дар масъалаи нобуд ё сӯзонидани парвандаҳои ҷиноӣ ман ягон чиз гуфтан наметавонам.
Вале Ҳукумати мусоҳилаи миллӣ низ як намуди давлатдорӣ аст, як намуди давлат аст, давлати қонунӣ аст. Ҳукумате, ки соли 1992 ташкил карда буданд дар ҷумҳуриамон вай ҳам ҳукумати қонунӣ буд, зеро бо фармони собиқ президенти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев тасқид карда шуда буд. Ман он ҷо иштирок доштам, дида будам ва ман корманди вазорати корҳои дохилӣ будам, аз ин кор бохабар будам.

Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки Султон Қувватов дар байни ҷомеа як шахси матраҳ аст ва аз пуштибонии зиёди мардум бархурдор аст ва имкон дорад ба сиёсат баргардад. Назари худи шумо чи аст?

Дар асоси таҳлил ва бардоштҳо аз интихоботи ахири Маҷлиси намояндагон ва инро қаблан дар як рӯзнома ҳам гуфта будам, ба чунин натиҷа расидам, ки мардуми мо дониши сиёсӣ надоранд , аслан аз сиёсат дуранд. Дар ҳамон қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ гуфта шудааст, ки бе ягон иҷозати хос аз тарафи ҳукумат ва бе ягон фишор иҷозат аст, ки як ҳизби сиёсӣ ташкил ёбад. Лекин дар кадом ноҳияҳое, ки намояндаҳои мо буданд, зери фишори органҳои ҳифзи ҳуқуқ монданд. Дар ин бора ман ба прокуратураи ҷумҳурӣ, ба раиси ҷумҳур, ба ҳама ҷо муроҷиат кардам аммо гӯё, ки ягон гап нагузаштааст, ягон ҳодисае нашудааст, ки ҳама хомӯшанд.

Худатон чӣ ният доред, оё нияти бозгашт ва иштирок дар интихоботҳоро доред?

Ҳамин ки мардумамон дониши сиёсӣ пайдо кард, ҳатман ман бармегардам.

Шумо роҳи мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистонро чӣ гуна мебинед чун солҳои зиёд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будед?

Коррупсия ва ё фасод дар тамоми давлатдорӣ, дар тамоми дунё ҳаст ва инро решакан карда намешавад. Аммо кам кардан мумкин. Афлотун мегӯяд, ки дар давлате, ки аввал қонун ва дуюм истеъдод эътироф карда намешавад, он давлат ҳеҷ вақт давлат шудан наметавонад ва бо ном давлат мешавад. Аввал қонун ва баъд истеъдод эътироф карда шавад, он вақт давлат мешавад.

Инак, тоза раиси ҷумҳури мо ба хулосае омад, ки Оҷонси мубориза бар зидди фасодро таъсис бидиҳад, лекин бисёр дери бад ташкил кард. Инро тахминан замоне, ки якум бор президент шуда буд он вақт дар барномааш навишта шуда буд, ки ҳатман комитети мубориза бо коррупсия ташкил мешавад ва бар зидди коррупсия муборизаи беамон бурда хоҳад шуд. Лекин ин коро он вақт раиси ҷумҳури мо накард. Сабабашро худаш медонаду Худои таъоло. Лекин барои чӣ рӯз ба рӯз коррупсия дар ҷумҳурии мо авҷ гирифту реша давонд ва мисли аҷириқ ҳама соҳотро фаро гирифтааст. Ҳозир мардум шӯхиомез мегӯянд, ки бе пул саломатро алейк намегиранд. Аммо ба назари ман якум, хатоӣ дар ҷумҳурӣ ҳамин буд, ки управленияи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодиро дар назди Вазорати корҳои дохилӣ бедалели ҷиддӣ барҳам доданд, аз байн бурданд. Яъне барои дуздон роҳ боз чандон маротиба васеътар кушода шуд. Ҳоло фасод ба як анъана ва расм табдил ёфтааст.
Чизи дигар ин ки дар ҳамон управления одамони ғайримутахассис, бесалоҳият, ки аз ҳеҷ мактаби махсус нагузашта буданд ба кор ҷалб карда шуда буданд. Баъзе нафаронашон ҳатто тасаввуроти оддитарин дар бораи ҷиноёти иқтисодиро надоштанд. Ба ҷузъ аз ин, дар ҳамин чанд соли пеш дар назди додситонии кулли ҷумҳурӣ як раёсати махсуси мубориза бар зидди коррупсияро таъсис доданд. Додситонӣ рости гап қонун ва иҷрои онро назорат мебарад, яъне фаъолияти ҳамаи органҳоро назорат мекунад ва ҳама ҳуқуқро дорад. Аз ин рӯ ба фикри ман ҳоҷати дар назди додситонӣ кушодани раёсти мубориза бо коррупсия набуд. Мувофиқи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ҳамин гуна ҳуқуқро кормандони прокуратура надорад. Ҳозир ташкил карданд Оҷонси мубориза бо фасодро вале ман боварӣ дорам, ки се фоиз мутахассис дар ҷумҳурӣ намеёбанд, ки дар ин ниҳод фаъолият кунад. Ба фикри ман, боз як прокуратураи дигар кушоданд. Фикри ман ҳамин, ки як прокуратура буд, боз як прокуратураи дигар кушоданд.

Дар чунин вазорату кумитаҳое, ки аслан аз як авлод иборат аст ҳеҷ вақт пеш рафт ба амал намеояд. Дар давлатҳои тараққикардаи демократӣ, дар он вазоратҳое, ки роҳбараш падар аст, писар кор намекунад, дар давраи Шӯравӣ ҳам ҳамин хел буд. Аммо дар мо намедонам ҳамин дастури хешу таборгарӣ бошад, қавмшавӣ, авлодшавӣ шавад, ин гуна давлат пеш намеравад, тараққӣ намекунад. Барои чӣ бисёр вақт мегӯянд, ки инвесторҳои хориҷӣ назди мо ба ҷумҳурии мо намебиёянд. Сабаби асосии инро бояд аз коррупсия ҷуст. Он саҳҳомоне, ки аз хориҷа мебиёянд, одамони мо аз онҳо як чӣ - ним чӣ умед доранд. Яъне, даҳ фоизаш аз ман мегӯянд ин якум мисолаш. Мисоли дуюм, замин дар мо моликияти давлатист. Вале агар замин ҳам моликияти шахсӣ ва ҳам давлатӣ мешуд, дар роҳи рушди иқтисод ва махсусан арсаи кишоварзӣ хела хуб мешуд. Зеро дар тамоми дунё моликият давлатӣ ва шахсӣ мешавад. Дар мо чи хеле гуфтем сирфан ва ба таври истисно замин моликияти давлат аст. Аз ин рӯ ҳоло замин даҳҳо миллион доллар қарздор шудааст. Аз тарафи дигар чи хеле мегӯянд мо ҳамаамон дар замини давлат «квартирантем», ки ин нодуруст аст. Мо набояд дар замини давлат иҷорашин бошем. Дар ҳоле, ки ба тамоми дунё овоза мекунем, ки мо истиқлолия дорем.

Истиқлолият - яъне се сотих, ё чор сотих ё панҷ сотих ... заминро ман мехарам, аз они ман мешавад ва ман бемалол дар болои он озодона қадам мезанам. Ин аст истиқлолият, зеро дили ман пур аст, ки фардо ман чун мемирам, писари ман ё духтари ман дар ҳамин ҷо озодона зиндагӣ мекунад. Истиқлолиятро ман ин хел мефаҳмам, дигарҳо чихеле мефаҳманд фаҳмидан гиранд. Агар ки то замин ба халқ дода нашавад, як қадам ҳам мо пеш рафтан наметавонем.

Ҳоло оқои Султон Қувват ба чӣ кор машғуланд?

Ман ба тиҷорат ва соҳибкорӣ машғулам ва кори дигаре надорам
XS
SM
MD
LG