Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Иморот дар Дубай


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар мулоқот бо президенти Имороти Муттаҳидаи Араб Халифа Ибн Зайд ал-Наҳён аз вазъият дар Ховари Миёна ибрози нигаронӣ кардааст.


Эмомалии Раҳмон, ки бо як боздиди чаҳоррӯза дар Иморот қарор дорад, зимни мулоқот бо раҳбари ин кишвари арабӣ инчунин пиромуни масоили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи соҳибкорони араб ба иқтисоди Тоҷикистон табодули назар кардааст.


Дар назар аст, ҳамчунин дар Дубай нахустин ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шавад, ки дар он роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.


Утоқи тиҷоратӣ ва саноатии Дубай дар як баёнияи расмӣ мегӯяд, ки дар ҳамоиш теъдоди зиёди тоҷирону сармоягузорон ва дипломатҳои тоҷик бо ҳамкоронашон аз аморати Дубай ширкат хоҳанд кард. Тоҷикистон аз Дубай миқдори зиёди молу колои мухталиф ворид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG