Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дар Тоҷикистон туннели нав месозад


Давлати Эрон мувофиқат кардааст, ки дар Тоҷикистон туннели наверо бунёд намояд.


Созишномаи расмӣ дар мавриди сохтмони туннели Чормағзак, ки маркази Тоҷикистонро бо манотиқи ҷануби кишвар васл хоҳад кард, дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба имзо расидааст.


Туннели Чормағзак дар 45 километрии ҷанубу шарқи пойтахт шаҳри Душанбе воқеъ шудааст.


Давлати Эрон барои бунёди ин нақб 60 миллион доллар ҷудо мекунад ва корҳои сохтмониро ширкати «Собир Интернешл», ки туннели панҷкилометрии Анзоби Тоҷикистон сохтааст, анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG