Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши майзадагӣ дар Русия


Бино ба омори расмӣ, нӯшидани машрубот дар Русия дар муқоиса ба солҳои 1990 се маротиба афзудааст.

Дар ин кишвар солона як нафар ба ҳадди миёна 15 литр машрубот менӯшидааст.

Муассисаи "Роспотребнадзор" бо нашри ин хабар гуфт, масрафи афзояндаи машрубот дар миёни навҷавонону занон бисёр нигаронкунанда аст, зеро хатари бемориҳои марбут ба шаробхориро меафзояд.

Соли 2005 дар Русия тақрибан 2 миллион 300 ҳазор нафар шаробхор ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG