Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса президент интихоб мекунад


Интихоботи президентии Фаронса боиси шӯру ҳаяҷони зиёд шудааст. Шореҳон мегӯянд, фаронсавиҳо насли нави раҳбарон ва эҳтимол аксуламали ин мамлакат ба масъалаҳои калидии ҷаҳонишавӣ ва ҳуввияти миллиро интихоб хоҳанд кард. Жак Шираки 74-сола, ки аз соли 1995 ба ин тараф як дафъа ба муддати ҳафт сол ва бори дуюм баъди вуруди тағйиру илова дар қонуни асосии Фаронса ба муддати панҷ сол президенти Фаронса интихоб шудааст, аз номзадии ҳамҳизбаш Николя Саркозӣ дастгирӣ мекунад. Жак Ширак тариқи телевизион гуфт:

"Ҳизби сиёсии Иттиҳоди Ҷумбиши мардумӣ тасмим гирифт, ки дар интихобот аз номзадии Николя Саркозӣ пуштибонӣ намояд, зеро ӯ сифатҳои хуб дорад. Аз ин рӯ, табиатан, ман аз ӯ пуштибонӣ намуда, ба тарафдори аз ӯ овоз медиҳам"

Ҳафтаи гузашта ҳамсари президенти Фаронса хонум Бернадет Ширак дар шаҳри Лион дар гирдиҳамоии пешазинтихоботии Николя Саркозӣ иштирок кард.

Назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки феълан Николя Саркозии ростгаро ва хонум Сеголен Роуаяли сотсиалист пешсаф мебошанд. Имконоти довталаби марказгаро Франсуа Байру ва ростгарои ашаддӣ Жан Марӣ Лепенро ҳам набояд нодида гирифт, зеро то ҳол 18 миллион нафар ва ё 42 дар сади раъйдиҳандагон муайян накардаанд, ки аз кадом довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ мекунанд.

Сар аз рӯзи душанбе ҳар яке аз 12 номзади президентӣ ҳақ дорад, 45 дақиқа дар телевизиону радиои мардумӣ тарғибот намуда, дар 65 ҳазор ҳавзаи раъйдиҳӣ лавҳаҳову шиорҳои ташвиқотӣ овезад. Маъракаро собиқ мунаққиди ҷаҳонишавӣ ва ҳоло раҳбари Иттиҳодияи кишоварзон Жозе Буве ифтитоҳ намуд.

Зимнан барои курсии президенти Фаронса ҳамчунон се номзад аз ҳизби пайравони Тротский, як коммунист, як номзади ҳизби сабз, як номзади ҳизби шикорчиҳо ва як номзади ҳизби миллатгароҳои католик талош меварзанд. Охири ҳафтаи гузашта Саркозиву Роуаял дар муқобили ҳамдигар аз лаҳни шадид кор гирифтанд. Саркозӣ гуфт, Роуаял дар як саф бо онҳое қарор дорад, ки дар метрои Париж ғавғо ташкил намуданд. Роуаял Саркозиро дурӯғгӯй унвон дод. Нашрияи фаронсавии журнал "ду Диманш" навиштааст, дар ҳоле ки шумораи зиёди раъйдиҳандагон мавқеи худро интихоб накардаанд, номзадҳои пешдаст мехоҳанд, маъракаи интихоботиро ба муборизаи классикии ақидаҳои ростгаро бо чапгаро табдил диҳанд. Тибқи назархоҳии журнал, охири ҳафтаи гузашта дастгирии номзадҳо тақрибан чунин буд: Наздик ба 30 дар сади пурсидашудагон тарафдори Саркозӣ мебошанд. Тахминан 25 фоиз аз номзадии Роуаял дастгирӣ менамоянд. Байру аз пуштибонии 19 дар сад ва Ле Пен аз пуштибонии 15 фоизи пурсидашудагон баҳраманд ҳастанд.

Ле Пени 78 сола дар интихоботи президентии соли 2002-ум ҷои дуюмро ишғол намуд. Ӯ мегӯяд, ки назархоҳӣ вазъи воқеиро нишон намедиҳад, зеро бисёре аз пайравони ӯ намехоҳанд ақидаи онҳо ошкор шавад. Ле Пен, ки дар давоми сӣ соли ахир бар зидди муҳоҷирати африқоиҳо ба Фаронса садо баланд кардааст, рӯзи ҷумъа ба маҳаллаҳои муҳоҷирнишини канори Париж сафар намуда, бо ҷавонони арабу сияҳпӯст - душманони рақами яки Николя Саркозӣ вохӯрд. Ӯ гуфт: "Шумо шохаҳои дарахте мебошед, ки номаш Фаронса аст!"

Чанде пеш раиси ҳизби ҳокими Иттиҳоди Ҷумбиши Мардумӣ Николя Саркозӣ ба наъфи пешбурди маъракаи пешазинтихоботӣ ӯ аз мансаби вазири корҳои дохилӣ истеъфо дод. Саркозӣ иддао мекунад, ки соли 2005-ум таҳти сарварии ӯ вазорати корҳои дохилӣ бо муваффақият ошӯбҳои маҳаллаҳои муҳоҷирнишинро фурӯ нишонд, вале бисёриҳо усули истифода бурдаи Саркозиро аз ҳад зиёд сахтгирона меноманд. Баъзе шореҳон мегӯянд, ки дар муқоиса бо президент Ширак, Саркозӣ ба сиёсатҳои ИМА таваҷҷӯҳи бештар дорад. Боре як рӯзномагор аз Саркозӣ пурсид, ки оё дар ҳақиқат ӯ модели демократии ИМА-ро дӯст медорад? Ӯ дар посух гуфт, «Ба фикри шумо ман бояд модели демократии Русияро дӯст дорам?".

Аммо ба навиштаи рӯзномаҳои фаронсавӣ рӯзҳои ахир Саркозӣ ҳам дар паи дарёфти пуштибонии раъйдиҳандагони калаванда шудааст. Хулоса, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ яке аз шореҳону сиёсатмадорон возеҳ гуфта наметавонанд, ки кадом яке аз номзадҳо ба даври дуюм мерасанд.
XS
SM
MD
LG