Пайвандҳои дастрасӣ

Бағдод: солрӯзи вуруди неруҳои амрикоӣ


Намоиши эътирозӣ дар Наҷаф дар ҳоле баргузор гардид, ки аз суқути Бағдод бар асари ҳамлаи неруҳои эътилоф чаҳор сол сипарӣ шуд. 9 апрели соли 2003 низомиёни Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш неруҳои ҳукуматии Ироқро аз пойтахт дур андохтанд ва Бағдодро таҳти назорати худ қарор доданд. Ва ин рӯз садҳо нафар дар маркази шаҳр дар канори муҷассамаи Саддом Ҳусейн ҷамъ омада, ҳалқа ба гардани ин пайкара гузоштанд. Баъд аз шикастани муҷассамаи Саддом мардуми зиёде рӯи пораҳои он рақсу шодмонӣ мекарданд.
Дик Чейнӣ - ноиби раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз суқути Бағдод дар ҳоле огаҳ шуд, ки ӯ дар нишасти сардабирони нашрияҳои амрикоӣ дар шаҳри Орлеанаи нави ёлати Луизиана ширкат дошт. Ӯ изҳор кард, ки шикасти неруҳои ҳукуматӣ дар Бағдод муқовимати ҷонибдорони Саддом Ҳусейн ба низомиёни эътилофро ба карат коҳиш хоҳад дод:

Дар маркази шаҳри Бағдод ин субҳ мо шоҳиди суқути ҳукумати марказии режим шудем. Хиёбонҳо пур аз мардумаенд, ки инро ид мекунанд. Дар ҳоле, ки баъзе дастаҳои неруҳои амниятии режим шояд боқӣ мондаанд, ба назар мерасад, ки нерумандии онҳо барои муқовимат хело кам шудааст.

Вазири дифоъи вақти Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд низ бо ақида мувофиқ буд. Дар як нишасти хабарӣ дар Пентагон ӯ таслими Бағдодро бо фуру рехтани девори Берлин қиёс кард:

Саҳнаи ид кардани сокинони озоди Ироқ дар хиёбонҳо ва болои тонкҳои амрикоӣ ва муҷассамаи Саддом Ҳусейн дар маркази Бағдодро шикастани онҳо касро ба ҳаяҷон меоварад. Онро дида наметавон аз фурурезии девори Берлин ва шикасти Пардаи оҳанин ёд наовард. Мо мебинем, ки таърих ҳаводисро он гуна суръат мебахшад, ки самти кишвар, сарнавишти мардум ва аслан фардои минтақа рушан мегардад.

Рӯзи шикасти неруҳои Саддом дар Бағдод бештари сиёсатмадорон аз ибрози ақида дар робита ба ин ҳодиса ва пешгӯиҳо дар мавриди чӣ гуна идома кардани амалиёти неруҳои эътилоф худдорӣ мекарданд. Кофӣ Аннон - Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки амалиёти низомӣ дар Ироқ бидуни ризояти ин созмони байнулмилалӣ доир шуда буд, фақат ба он нукта ишора кард, ки дар Бағдод ва умуман дар Ироқ бояд амнияти мардуми осоишта таъмин шавад:

Барои арзёбии вазъ вақт зарур аст, вале ман фикр мекунам, метавон ва бояд талош кард барои гузоштани гомҳое, ки барқарории оромӣ ва ҳифзи мардуми осоиштаро кафолат диҳанд.

Ва аммо ақидае, ки баъди суқути Бағдод ҷанг дар Ироқ тулонӣ идома нахоҳад кард, ботил баромад. Ҷанг идома дорад ва баъд аз чаҳор сол ҳам кай хатм шудани он маълум нест. Тайи ин солҳо Бағдод қариб ҳама рӯза мавриди ҳамлаҳои террористӣ қарор дорад - ин ҳамлаҳо дар бозору тарабхона, дар мактабу масоҷид, дар маҳаллаҳои замоне сокит ва хиёбонҳои ҳамеша серодам сурат мегирад. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳамлаҳо соли гузашта 34 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи як гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ҳамарӯза дар Ироқ бар асари ҳамлаҳои гуногун 100 нафар кушта мешавад. То имрӯз дар кишвар ҳамчунин беш аз 3270 низомии амрикоӣ ба ҳалокат расидааст.
Мардуми Ироқ чун чаҳор соли пеш дар бораи амалиёти низомии эътилоф ақидаи мухталиф доранд - бархе шукргузорӣ мекунанд, ки бар асари он аз ранҷу азияти Саддом Ҳусейн наҷот ёфтаанд ва мушкилоти феълӣ ба тадриҷ аз байн хоҳанд рафт ва аммо иддае аз ироқиҳо мегӯянд, ки бар асари ҷанг имрӯз дар кишвар на амният аст, на озодӣ ва на умед ба эътидоли вазъ дар моҳҳои наздик.
XS
SM
MD
LG