Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти «Мири Масчоҳ»


mm

Як сокини ноҳияи Масчоҳ дар шимоли Тоҷикистон бо гумони фаъолият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ахиран аз сӯи кормандони идораи умури дохилаи Суғд боздошт шудааст.

Дар иттилоъияи умури дохила дар ин бора омадааст, ки боздоштшуда - Сафар Сафарови сиву шашсола, сокини деҳаи Палдораки ноҳияи Масчоҳ буда, дар соли 2004 - и милодӣ ба ҲИУ пайваст ва ахиран дар ин ҳаракат вазифаи «Мири Масчоҳ» - ро бар ӯҳда дошт. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин масъулият бар дӯши Сафар Сафаров аз ҷониби ба истилоҳ мири қаблӣ Зариф Зарифов - сокини дигари рустои мазкури Масчоҳ вогузор шудааст. Худи Зариф Зарифов Тоҷикистонро ба қасди сафари Покистон тарк гуфтааст, вале мақомоти интизомии Суғд дар бораи ҳадафи ин сафари мармузи вай ҳанӯз чизе нагуфтааст. Вале ин манбаъ меафзояд, ки ин ду сокини Масчоҳ мардони маҳалро ба мусаллаҳшавӣ даъват мекарданд.




Идораи умури дохилаи Суғд нисбати Сафар Сафаров мутобиқи ду банди асноди ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми таъсиси иттиҳоди ҷиноъӣ ва даъват ба сарнагун сохтани сохтори қонунии Тоҷикистон парвандаи ҷиноъӣ боз карда, барои дастгир кардани нафари дувум ҷустори ҷиноъӣ эълон кардааст.




Дар ҳамин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони Суғд мегӯянд, ки ин барои маротибаи нахуст як сокини ноҳияи Масчоҳ бо иттиҳоми фаъолият дар ҲИУ боздошт шудааст. Коршинос - Абдувосит Салимзода меафзояд: «Фикр мекунам, дар солҳои ахир, аз замоне ки гирудор ва боздошти аъзои ҲИУ дар Исфараву Хуҷанд ва манотиқи марказии Суғд зиёд шуд, шояд, онҳо (аъзои ҲИУ) тактики фаъолияти худро дигар карда, рӯ ба манотиқи дигар оварданд. Масалан, Масчоҳ ва рустои Палдораки ин ноҳия, ки бо Узбакистон ҳамҷавор аст. Шояд, аъзои ҲИУ ҳангоми убуру мурур чанд нафар аз сокинони ин маҳалро ба ҷониби худ кашиданд ва онҳоро ба ақоиди худ мутақоид сохтанд.»



Дар ин маврид масъулини идораи умури дохилаи Суғд мегӯянд, ки ду сокини исмашон зикршудаи Масчоҳ дар се соли пеш бо даъвати Расул Охунов, шаҳрванди Узбакистон, ки аз сарони ҲИУ хонда мешавад, ба ин ҳаракат пайвастаанд. Зимнан, Расул Охунов ва ду ҳамроҳи вай имоми масҷиди шаҳри Қаросуи Қирғизистон - Муҳаммадрафиқ Камолов ва шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Исфара - Аюб Шаҳобиддинов, ки аз фаъолони ҲИУ хонда мешуд, дар авоили моҳи сентябри соли гузаштаи 2006 дар як муқовимати мусаллаҳона бо нируҳои амниятии Узбакистон ва Қирғизистон дар шаҳри Уши ин кишвар кушта шуда буданд.




Вале мақомоти додситонии Суғд дар бораи иртиботи чанд тан сокини ноҳияи Масчоҳ бо ҳамдастӣ дар ҲИУ дар авосити соли гузаштаи 2006 эълон дошта гуфта буд, ки барои дастгир кардани онҳо ҷустори ҷиноъӣ эълон доштааст. Эҳтимол меравад, сокини ахиран боздоштшудаи ин маҳал - Сафар Сафаров аз ҷумлаи ҳамин афрод бошад.


Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG