Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" ТадАЗ - дар садри ҷадвали мусобиқот


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода тими меҳмон - «Гвардия»-и Душанберо бо натиҷаи 5 бар 1 шикаст дод. Ҳамлагари тими ғолиб Аббос Абдуллоев дар дақиқаи 25-уми дидор ҳисобро боз кард. Баъди танаффус Бахтиёр Ҳасанов ва Маъруф Рустамов якголӣ, Иброҳим Рабимов ду гол ба самар расонданд. Як голи дастаи «Гвардия»-ро се дақиқа пеш аз хотимаи дидор Фарҳод Норбоев ба дарвозаи «Регар» ТадАЗ ворид кард.

Дар бозии дигар «Динамо»-и Душанбе аз тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. Голро Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонд.

CSKA «Помир»-и Душанбе низ дар майдони худ аз дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 0 бар 3 мағлуб шуд. Ду голи тими меҳмонро Камол Ортиқов ва Низом Раҳимов ба самар расонданд. Як голи дигарро бозигари CSKA «Помир» Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи дастааш зад.

Ба иттилоъи масъулини Федеросиюни футболи Тоҷикистон ду бозии дигари даври севум миёни дастаҳои «ХИМА»-и Душанбе - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ба рӯзи 10-уми апрел ва «Энергетик»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба рӯзи 18-уми апрел мавқуф гузошта шуданд. Зеро ки сенафарӣ бозигарони «Вахш» ва «ХИМА» дар ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек ширкат доранд. Воқиъан, дастаи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар ин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Балтика» аз тими мизбон - мунтахаби Қирғизистон бо натиҷаи 4 бар 10 шикаст хӯрд.

Дар айни ҳол тими «Регар» ТадАЗ бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон қарор дорад. Дастаҳои «Парвоз» ва «Тоҷиктелеком» бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум мебошанд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқот рӯзҳои 14-уму 15-уми апрел баргузор мешаванд.

Ва хабари дигар.Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ дар риштаи каратэ-до байни ҷавонон бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Ин мусобиқот бо ширкати 180 варзишгари ҷавон аз манотиқи мухталифи кишвар дар қасри «Самандар-асри ХХ1»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дастаи мизбон мақоми дувумро касб кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарони аз 18-сола боло варзишгарони вилояти Суғд - Н.Тоҳирова дар вазни то 53 кило ва Фотима Боҳирова дар вазни беш аз 60 кило, душанбегӣ Нигина Хайруллоева дар вазни то 60 кило бо медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз шуданд. Дар сабқати ҷавонон Нодир Ҳоҷикамолов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Темуров дар вазни то 60 кило, ҳарду аз шаҳри Турсунзода, Нодир Асрорӣ дар вазни то 65 кило ва Далер Сафоев дар вазни то 75 кило, ҳарду аз ноҳияи Ёвон, Темур Қаюмов дар вазни то 70 кило, аз вилояти Суғд ва душанбегӣ Бадриддин Умедов дар вазни то 75 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.


Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG