Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз бӯҳрони нав дар Тоҷикистон


Як мансабдори давлати Тоҷикистон гуфтааст, ин кишвар дар 8 то 18 соли дигар ба камбуди шадиди мутахассис рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳикматулло Раҷабов, мири шаҳри Сарбанд дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар ҷаласаи фаъолони омӯзишу парвариши ин шаҳр гуфт, Тоҷикистон дар солҳои 2015-2025 ба бӯҳрони кадр рӯбарӯ хоҳад шуд.


Ба иттилоъи хабаргузории "Авесто", ҷаноби Раҷабов сабаби асосии чунин бӯҳронро ба сифати таълим дар мактабҳои миёна пайванд додааст. Дар ҳоле ки вай бо пуштибонӣ аз сӯҳбатҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои серхарҷи "Занги охир", соҳиби автомобил ва телефонҳои ҳамроҳ будани мактабиён ва сарулибоси онҳо таъкид кард, коршиносон бар инанд, ки гуфтугӯҳо аз эҳтимоли бӯҳрони кардӣ дар Тоҷикистон ба решаҳои амиқтари вазъи омӯзишиу парвариш дахл доранд, то ба зоҳири масъала.


Камбуди омӯзгорон ва сатҳи пасти омодагии онҳо ба таълими насли наврас, набуди китобу дастурҳои арзандаи омӯзишӣ ва такия ба иттилоъи кӯҳнашуда, фасодзадагии ҷомеъа, бартарии садоқати шахсӣ бар шоистасолорӣ дар тақсими вазифаҳои давлатӣ, фақр ва беадолатиҳои иҷтимоӣ ва бетаваҷҷӯҳии ҷавонон ба сиёсат бештар метавонанд, бӯҳрони умумии таъмини ҷомеа бо мутахассисони баландпоя ва ҳирфаиро ба миён оранд.
XS
SM
MD
LG