Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Имороти Араб меравад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, нӯҳуми апрел бо як боздиди расмӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад.


Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур гуфтааст, сафари расмии президенти Тоҷикистон дар Имороти Араб то 13 апрел идома хоҳад ёфт.


Ин нахустин сафари расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Иморот буда ва дар ҷараёни он масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG